Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Садои зангӯлаҳо

– Ҳазорҳо модарон фарзандонро бар муқобили душман мефиристоданд. Барои ҳимояи Ватан, барои ҳифзи номусу нанг...

– Бас, бас! Муаллиматон ҳамин хел мегӯяд-а? Дар китобҳо ҳам ҳамин хел менависанд? Ту, ки пур китоб мехонӣ, гапҳои китобӣ мегӯйӣ. Китоба мардҳо менависанд. Муаллиматон ҳам мард аст. Бобоят ҳам мард ки буд, маро «Мард бош, худата бой нате» гуфта, насиҳат мекард. Лекин кадоме аз мардҳо дили модарона дорад? Агар онҳо ба мисли мо, занҳо, дил медоштанд, дар дунё ҷанге намешуд. Ҳитлер ҳам ба зоти худ мард буд, лекин тарбияти модарро ки нагирифта буд, ҷанги ҷаҳон оғоз кард. Бисёр таърифат кардем, маҳмадоной кардан мегирӣ? Ҳоло калон шав, модар шав, сони медонӣ, ки меҳри модарӣ чист... Қиссагӯйӣ тамом. Рӯз ҳам меравад. Хез, ҳавлиро об зада рӯб. Ман аз пайи дегу табақ шавам, ки «ҳа» нагуфта, ҳама аз кор бармегарданд,– модаркалон сӯтаҳои ҷувориро ба лаби танӯр мебарад.

Ман мефаҳмам, суханҳоям ба дили модаркалон сахт расид. Акнун то дилашро меёбам, ки хеле мегузарад.


Аз хоҳарзодаи бибиям барқия расид. Аз хизмати ҳарбӣ озод шудааст. «Фалон рӯз дар фурудгоҳи Фарғона пешвозам гиред. Як сарпойи арӯсӣ ҳам омода созед, ки ҳамроҳи арӯсам меравам»,– навиштааст Усмиддин.

Оҳ, чӣ қадар хурсанд будем мо, кӯдакон! «Акои Усмиддин меояд. Танҳо не, ҳамроҳи арӯсаш меояд!» – аз хешу таборон шодиёна мегирифтем мо. Ҳама чашм ба роҳи Усмиддину арӯси ӯ будем. Ниҳоят, мошини сабукрави ҳамсоя, ки ба пешвозгирӣ рафта буд, расида омад. Замин кафиду одам рӯйид. Хаёлам, мардум на ба дидорбинии аскарбача, балки барои бо чашми худ дидани арӯси урусаки ӯ неомаданд. Охир, он урусак аз духтарони деҳ чӣ бартарӣ дошта бошад, ки пеши шаҳбачаҳои Ровон

пешина
аз 208
навбатӣ