Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
куҷоҳо парвоз мекунад ва аз мавзуъ дур меравад. Ман ҳозир мехоҳам, ки аз саргузашти тағои Абдулаҳад қисса кунад. Тағоям кайҳо аз чиҳил гузашта бошанд ҳам, ҳанӯз фарзанд надоранд. Он кас мо ҷиянҳои сағирмондаашонро ба ҷойи фарзанд медонанд. Хусусан, меҳрашон ба ман зиёдтар аст. Ман инро бараъло ҳис мекунам. Он кас бо ман чун ба одами калонсол гуфтугӯ мекунанд. Дигар кӯдакон ҷуръати бо тағоям дар сари як дастархон нишастан надоранд. Салобаташон паҳш мекунад.
Бибиҷон, вақте тағоям аз аскарӣ баргаштанд, нашинохтагистед. Охир, аз деҳа чордаҳ-понздаҳсола баромада рафта, дар тан либоси аскариву пеши бар пур аз нишонҳои ҳарбӣ баргашта бошанд...
— Ҳо, Абдулаҳад пеш аз аскарӣ бо ҳамон тану тӯши худодод ҳанӯз бача буд, охир. Саҳарӣ то бедор мекардам, ки шири модарам ба даҳонам меомад. Ноз мекарду сар аз болин намебардошт. Сару гарданашро меҳоридам, зора мекардам, ки қаҳри падарашро набид. Тезтар хеста, ношто кунаду ҳамроҳи падар ба саҳро барояд. Воқеан, рӯзе, ки мӯзаи пурдарбеҳашро пӯшида, ҳамроҳи мӯйсафеди кафшгар ба ҳавлӣ даромада омад, аллакай ёру дӯстон ҳама ҷамъ омада буданд. Бачаи бечора ҳич намефаҳмид, ки дар хона чӣ гап бошад. Ба ҳозирон ҳайрон-ҳайрон чашм мепартофт. Ҳанӯз асари ғӯлинги хӯрдааш дар лабу лунҷаш намоён буд, ки ин ӯро содаву гӯл вонамуд месохт. Ҳоли раҳмоваре дошт. Ман, албатта, ба падараш ваъда дода будам, ки худамро даст гирам, то ки Абдулаҳад аз хона дилпур баромада равад, эркагиву бачагӣ накунад. Аммо нашуд...
— Чӣ, шумо доду ғирев бардоштед? Магар писаронро, ки посдори Ватан-Модар ҳастанд, ба сафи аскарӣ бо оби дида мегуселонанд?
Кист, ки ҷону ҷигарашро, бачаи талабида гирифтаашро ба ҷанги одамхӯр бо хурсандӣ гуселонад? Бигӯй, кист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё