Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
афтода хандидааст-дия. Чунки вай қоқро мисли кӯдаки гулухӯр ба лабу лунҷаш олонда мехӯрдааст. Мӯйсафед аз он ашк рехтааст, ки ҳатто, ҳамин кӯдаки ошолудро ба майдони ҷанг мекашанд. «Ин бача ҳоло ба ҳукми гул аст, ин куҷову бо душман дар набард будан? Хонаи ҷангҷӯю нотавонбин сӯзад!» — гуфта, ҳам ба Ҳитлеру ҳам ба онҳое, ки барқасд аризаи беимзо навиштаанд, лаънат фиристодааст кӯҳнадӯз. «Кӣ медонад, боз дида ба дидор мерасад ё не. Ҳар рӯз як хати сиёҳ меояд. Илоҳӣ, ҳамин саркути мурдаҳоя дар паноҳат нигоҳ дорӣ»,— ашкрезон ба дил мегуфтааст пирамард.
— Хушбахтона, дида ба дидор расид,— мегӯям ман,— тағоям аз ҷанги ҷаҳон баргаштанд.
— Эҳ, ҷони бибие,— то баргаштани Абдулаҳад бобои мӯзадӯз кайҳо аз олам гузашта буд. Охир, баъди хотима ёфтани ҷанг бачаи талбидаи моро қариб панҷ соли дигар барои барқарорсозии минтақаҳои ҷангзада нигоҳ доштанд. Бобои кафшгари ҳафтоду чандсола тез-тез ба ҳавлии мо меомад. Мепурсид, ки аскарбача хат менависад? Дар воқеъ, мӯйсафеди бечора дар байни чор сол аз ду шахсутуни хонадонаш хати марг гирифта буду тарзе вонамуд месохт, ки ба ғам тан надодааст. Лекин ғаму андуҳ, бачам, кирмест, ки сутуни умрро ноаён мехӯрад. Бехабар мемонӣ, ки таппӣ ғалтидай. Уфф...- дами сарде кашид модаркалонам ва илова кард.- Оҳиста-оҳиста зиндамондаҳо баргаштанд. Номи қурбоншудагон аз сари забонҳо ба варақсангҳои мармарӣ кӯчиданд.
— «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!» — ба тарзи гӯйиши мунтамани ҷонишини мудири мактабамон муаллим Салоҳиддини Заъфар, ки моро дарси инсонгароӣ ву ватандӯстӣ медоданд, тақлид кардам ман.
— Ҳо, рост мегӯйӣ, ҷони бибӣ,— модаркалон гумон дошт, ки ин фикри набераи ӯст, аз ин рӯ, таърифам кард,— ту гапҳои бамаънӣ мегӯйӣ. Фикру зикрат калонвор.
Нигоҳи модаркалонам ба нуқтаи номаълуме дӯхта мешавад. Ман муштоқи шунидани қиссаҳои нави ӯям. Вале, агар интизор истодан гирам, мурғи хаёлоти вай то

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё