Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
аз гаҳворабахшаш рӯй гардонда, ӯро пешандоз карда омадааст.?
Дар воқеъ, арӯси Усмиддин чунон аҷиб, чунон хушрӯяк, чунон дилкаше буд, ки!... Ба шумо чӣ хел фаҳмонам... Шумо, албатта, луфтаки урусиро дидаед. Ҳо-о, дар мағозаҳо мефурӯшанд-ку, луфтаки «мамагӯяк». Худи ҳамон барин. Хушрӯйи хушрӯяш барин. Чашмони мисли даҳанифаранг кабуди равшан дорад. Лабонаш суп-сурх, ранги олуча. Сафедпӯст, болои биниаш панҷ-шашто доғи кунҷидаки камранг дорад. Мӯйи чингилаи малларангаш мисли зулфони лӯбатаки мағозаи кӯтоҳ қайчӣ задагӣ. Куртааш болотар аз зонуву ба пойҳояш ҷумча80 барин кафши хушдӯхт пӯшидагӣ. Пойҳояш чунон базеб, чунон базеб, ки!... Тасаввур кардед? Дар ҳақиқат, луфтаки «мамагӯяк» барин-а? Воқеан, арӯси Усмиддин ҳам урусӣ гап мезад. Вай баробари дидани холаи Кубро «Мамочка!» гуфта, худро ба оғӯши хушдоманаш андохт. Ягона чашми солими холаи Кубро об гирифт. Сонӣ сунҳор81 бо «папочка»-аш дидорбинӣ кард. Хусуру арӯс гӯиё сад сол инҷониб пазмони якдигар бошанд, мисли падару духтар ҳамдигарро канор кашиданд. Чӯраи ошпаз аз чӣ бошад, ба китфи сунҳор тап-тап зада, «спасибо-спасибо» мегуфту аз чашми солимаш ашки шодмонӣ мерехт. Ҳама лаб ба баногӯш механдиданд. Ҳамин вақт Усмиддин аз борхалтае, ки навак аз багоҷи мошин фароварда буданд, расмгираки «Зенит» баровард ва аз ду тарафи арӯс падару модарашро ҷой дода, ҳар серо акс бардоштан хост. Лекин арӯс «Любимый, подожди...» гуфта, хусуру хушдоманашро назди буттаи садбарг овард, гиребони гичими Чӯраи ошпазро бо ангуштони чун донаҳои ангури хусайни нафису хушрангаш андаке рост кард, тугмаи камзули холаи Куброро гузаронд ва худ аз миёни онҳо ҷой гирифту ба гардани хусуру хушдоман даст андохт. Он лаҳза гӯиё аз дурахши чашмони обии арӯсак ҳар ду чашми хусуру

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё