Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

пиндорам, ягон ҷо сарҳади сиёсӣ надошт, ҳаёт ҳамешагӣ ва ба мисли афсона метофт, афсонаи ширин.

Мегӯянд, ки рафту омад имрӯзҳо нисбатан осон шудааст. Бале, ба ҷӯйи обомада дубора об меояд. Вале Фалаки каҷдорумарез гоҳу шӯҳиҳое мекунад, ки... Хуллас, вақте дандон дорӣ, як даҳон нон намеёбӣ, чун нон пайдо мешавад, дар даҳон дандон намеёбӣ.


Ман, ки ҳамеша худро ба қавииродагӣ талқин мекардам, аз чӣ бошад, ки вақтҳои охир сухани бобои раҳматиамро зуд-зуд ба забон меоварам: «Ҳафтод - афтод. Рафтан ҳақ аст. Кас бояд ба рӯзи воқеа омода бошад.» Бале, кам монд. Офарини ин ҷисми абгори ман! Бо ними тан ба остонаи 70-солагӣ расидан, бо вируси ҷигархор беш аз понздаҳ сол афту дарафт кардан ва бо умеди ғолиб омадан ҳар рӯзи Худо як каф дору хӯрдан осон нест. Дар воқеъ, сандуқи гӯру кафанамро кайҳо пур кардаву куфл зада мондаам. Бояд ба сандуқ атри кафану собуни мушкинеро, ки бо ният харидаам, андозам. Калидаш куҷо буд? Ҳа, ба ёдам омад...» - бо чунин фикру хаёл нохудогоҳ, аз рӯйи одат телефони мобилиамро рӯшан кардам. Ваҳ, чӣ миқдор табрикномаҳо омадаанд! Аз дӯстони ҷонию «маҷозӣ» аз шиносу ношинос (шояд онҳо хонандагони осори монанд), аз дуру наздик! Ҳама аз фарарасии Наврӯз шоданду бо ман шодишарик! Бароям беҳтарин таманниёт ирсол медоранд, қуввати дилам шудан мехоҳанду табрикам мекунад! Ман ҳар як паёмакро бо мароқ мехоҳаму ҳис мекунам, ки оинаи дилу андешаам рӯшан мешавад, шираи ҷонам меафзояд! Ва дар ҷавоби шодбошӣ хуруф мечинам: РӮЗУ РӮЗГОРИ НАВ МУБОРАК, ДӮСТАМ!

пешина
аз 208
навбатӣ