Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар кас цени тавонаш ба рӯйи хоки гузаштагони хеш лавҳеву нишоне мондааст.

Азизони ман, хокҷойи шумо дар иҳотаи қабрҳои дигарест. Аслан шумо, ҳама хуфтагон, ба ҳамдигар бегона нестед, аҳли як деҳаед... Ва инак, ман сари хоки поки шумоям, ки дур не, ба ҳам дар ҳамсоягӣ манзили охират гузидаед.

— Бобоям, модарам, тағоям, бибиам,– муаррифӣ мекунам шуморо ба фарзандонам. Онҳо хасу хошоки хушкидаро аз сари хокатон чинда мегиранд ва хомӯш менишинанд. Шайхи мазор меояд ва аз Қуръони маҷид оят тиловат мекунад. Арвоҳи гузаштагони ин манзилро дуо мекунаду аз ҷой мехезад ва иловатан мегӯяд:

— Ашк марезед, онҳоро безобита макунед. Аз мо фақат дуою фотеҳа мерасад. Дигар чӣ... Ҳиччӣ нафъе надорад, чун дунё бақо надорад...

Ӯ меравад, сарҳаму маҳзун меравад.

— Модарҷон, чаро қабри бибикалонам аз ин се қабр дуртар аст? — мепурсад Маҳпораи ман.

— Чунки ин се нафар ҳамагӣ дар давоми ҳафт моҳ даргузаштанд. Аввал бобоям, ки ҳафтоду панҷсола буданд, баъди шаш моҳ модари чилу сесолаам ва баъди сию сию се рӯзи он фоҷеа тағойи номуродам ҳамсоягӯри хоҳари ягонаашон шуданд. Модаркалонам умри дароз дид, ҳаштоду як соли пуразоб. Гӯиё ба ӯ Худованд ба он хотир умри дароз додааст, ки тамоми ранҷу азобро тани танҳо бикашад. Воқеан, вай нисбат ба ҳамсару фарзандонаш ранҷуртар буд, ҳаёти ӯ пур аз дарду азоб, пур аз фоҷеа буд. Тасаввур кун, ки модар пеш аз худаш даҳ фарзанд ба хоки хунук супорад...

Бибиам баъди марги ду фарзанди баркамолаш боз чаҳори соли дигар рӯю мӯй канда оҳу нола кард. Рӯзи марги ӯро духтари ҳамадону ҳамазебаш обод намекард. Дарди ӯро кӣ беш аз модари ман медонист? Ба қадри дард дардманд мерасад, мегӯянд. Фақат духтари сиёҳбахту сиёҳрӯзиаш метавонист маъракаи ғам обод кунад, миёни

пешина
аз 208
навбатӣ