Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ободи модарро бо ашки дидагон тар кардаму чун сирешум ба дарзи марзҳо солидам.

Тасаввур, яъне, ангораи мунъакисест аз оинаи дили инсон. Дар тасаввурам берун аз қайди марзҳои сиёсӣ он мулки комил имрӯз ҳам вуҷуд дорад! Ман харитаашро дар дурҷи қалбам нигоҳ медорам. Бовар дорам, ба он нақши табиии ормонӣ дасти ягон пантурке нахоҳад расид ва ҳеҷ абарқудрате ба душмани миллити ман мадад нахоҳад кард, то бо ягон дастгоҳе аз нав дасткорӣ кунад.

Чун гавҳари манӣ ту, дурру гуҳар нахоҳам,
Ҳар ду рухат кифоя, шамсу қамар нахоҳам.

Бахти барин ту дидӣ? Ангораву хаёл аст!
Бахти канораат бас, тахти дигар нахоҳам.

Як пораи Хуросон - н-обод манзили ман,
Мулки тамомом хоҳам, кутаҳгузар нахоҳам.

Лажми лажан биҳушқон, ман - ширмоҳии Сӯҳ,
Чун духти оби шӯхам, ҳар ҷӯю чар нахоҳам.

Гардунсипори ман ку? Он шаҳсавори ман ку?
Дигар пиёда рафтан з-ин бештар нахоҳам!

Табъи равон, ки додам Эзад чу оби Ровон,99
Фаргонаю фараш бас, ман карру фар нахоҳам.

Бори охир ба зиёрати мазори Хоҷа Муаллими Сир ва қабристони Ровон кай рафта будам? Эҳе, солҳо гузаштааст. Пеши назарам рӯзе меояд, ки олам нақҳатистон буд. Рӯйи теппаҳои қабр мавҷ-мавҷ лолаҳасакҳо чашмро мебурданд. Хониши мурғони гуногун гӯшу ҳушро менавозид. Насими шӯху гулбоз зангӯлаҳои гули гандумро меафшонид, зулфони беди маҷнунро шона мезад.

Ман фарзандони фатиламӯйи хешро пешандоз карда, ба фарҷомгоҳи шумо, азизонам, омадам. Во дарего!.. Дар ин миён қабристони Ровон чӣ қадар доман густардааст.

99 Маркази маъмурии шаҳристони Сӯҳ

пешина
аз 208
навбатӣ