Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

— Боре дар маҷлиси фармондеҳон фармон шуд, ки аз ҷумлаи разведкачиёни ҷасуру пуртаҷриба оид ба супоришҳои махсуси разведкавӣ отделенияи махсус ташкил дода шавад. Иван Симаков чун разведкачии бебоки взвод ба ҳайати ин отделения дохил шуд.

Симаков дар бораи яке аз лаҳзаҳои разведкаи ин гурӯҳи махсус чунин менависад:

«Моҳи феврали 1944. Деҳаи Воскресенск. Фашистон муқобилияти сахт мекарданд. Маълум буд, ки деҳаро ба осонӣ аз даст додан намехоҳанд. Фармон шуд, ки гурӯҳи разведкачиҳо бо сардории лейтенант Карагодин «забон» ба даст оранд. Ман низ ба ҳайати ин гурӯҳ дохил будам. Шабона ба роҳ баромадем. Борон сим-сим меборид. Чанд масофаро тай карда, ба назди биное расидем. Ҳамин дам овози фашистон ба гӯш расид. Дарҳол худро ба қафои бино гирифтем. Баъди машварати умум ба тарафи немисҳо гранатаҳо ҳаво дода, оташ кушодем. Фашистон ба воҳима афтода, ба ҳар тараф парешон шуданд. Як гитлерчии ҷавон сӯи ман давид, худро паноҳ карда поидам. Ҳамин ки ба ман наздик шуд, ба паси гарданаш муште фароварда будам, ки ба замин дароз кашид. Ҳамоно кашола карда ба паси бино гузарондам. Ин дам рафиқон асири дигареро ҳам оварданд. Фашистонро чанд масофа таъқиб карда, бо ду «забон» ба қиём баргаштем».

Барои ҷасорат ва иҷрои супориши муҳим ин гурӯҳи разведкачиён бо мукофотҳои ҳукуматӣ қадр карда мешавад. Иван Симаков ба ордени Шараф дараҷаи III сазовор мегардад.

Дар яке аз ҳуҷҷатҳои архив дар хусуси корномаи Иван Михайлович чунин навишта шудааст: «Симаков чун командири отделения борҳо ба гурӯҳи разведкачиён сардорӣ карда, ба ақибгоҳи душман ба разведка рафтааст. Ӯ дар разведка таҷрибаи калон дошт ва бо ташаббуси шахсияш гурӯҳи махсуси разведкаро ташкил

пешина
аз 139
навбатӣ