Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

равона шуданд. Танҳо ман он ҷо мондам. Дере нагузашта, аз ҳама пеш Симаков омад ва хабар дод, ки қариб 20 нафар сапёрҳои гитлерӣ бо як нафар офицеру як нафар фельдфебель «роҳи алоқа» меку- шоянд. Бо роҳбаладии Иван Симаков то он ҷо раси- дем.

Супориши фармондеҳи фронт Жуков иҷро карда шуд. Офицер маълумотҳои муҳим дод...»

Ҳамин тариқ, ҳуҷҷату хотираҳои командирон ба он гувоҳӣ медиҳанд, ки Иван Симаков разведкачии шу- ҷои Армияи Сурх буд. Дар дафтари хотираи қаҳра- мон навиштаҳои зиёде мавҷуданд, ки дар яке аз онҳо сабт шудааст:

2 феврали соли 1943 буд. Дар атрофи маҳалли Ку- оккола амалиёти шадид давом мекард. Бо супориши фармондеҳ гурӯҳи разведкачиёни мо дар ҳайати 12 на- фар бо сардории лейтенанти хурд Карагодин ба раз- ведка баромад. Чанд масофаро тай карда, ба замин- кане дучор омадем, ки аз он овози гитлерчиёни маст меомад. Маълум, ки фашистон хурсандӣ доранд. Мо ба се гурӯҳи 4-нафарӣ тақсим шуда заминканро иҳота кардем. Гурӯҳи ҳуҷумкунанда, ки ман низ он ҷо бу- дам, ба даромадгоҳ наздик расид. Аён буд, ки навбат- дори фашистон низ маст аст. Бо як чолокиӣ ӯро пушт- нокӣ қафо кашида, ба ҷома печондем. Ин дам, тарки- ши гранатаҳои мо заминканро ба ларза овард. Фа- шистони зиёде ҳалок гашта, боқимондаашон саросема- вор сӯи мо оташ мекушоданд. Вале мо аллакай ба ҳа- ти қисми хеш наздик омада будем. Амалиёт бомуваф- фақият анҷомид. «Забон» маълумоти зарурӣ дод... Баъди ин дивизияи мо 201-тирандозӣ ном гирифт ва ман ба ҳайати гурӯҳи махсуси 112-уми разведка до- хил шудам.

Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Недошивин дар ин бо- ра чунин мегӯяд:

пешина
аз 139
навбатӣ