Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
Вақти ӯ ҳамагӣ 19-сола буд. Вай дар сарҳад бештар аз як сол хизмат кардааст.
Соли дуюми ҷанги зидди фашизм идома дошт. Фашистон ҳудуди зиёди мамлакати моро ишғол карда буданд. Бо фармони Ставкаи Сарфармондеҳи Олӣ қӯшунҳои советӣ тадриҷан ақиб менишастанд.
Он рӯзҳо Симаков дар ҳайати взводи разведкачиён дар Разлив, чанде дуртар аз «чайлаи Ленин» мечангид. В. Недошивин командири взводи разведкачиён буд. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ подполковники ба истеъфо баромада Вениамин Недошивин дар Душанбе кор ва зиндагӣ мекард. Ӯ яке аз фармондеҳони шуҷои Армияи Сурх буд. Роҳи ҷангии Симаков бо ҳаёти ҷангии Недошивин зич алоқаманд аст. Онҳо беш аз се сол паҳлу ба паҳлу дар муҳорибаҳои шадид ҷангидаанд, борҳо ба разведка рафтаанд.
Дар сӯҳбат бо мо В. Недошивин оид ба корнамоиҳои ҷангии Симаков Иван Михайлович чунин лаҳзаҳои ҳайратангезро нақл кард: «Моҳи сентябри соли 1941. Ленингради бостонӣ дар иҳотаи фашистони истилогар буд. Онҳо пуршиддат ҳамла меоварданд. Бо супориши фармондеҳи фронти Ленинград Г. К. Жуков мебоист мо, разведкачиёни стансияи Разлив, «забон»
ба даст меовардем. Таъкид шуда буд, ки «забон» ҳатман офицер бошад. — Ман, Иван Симаков, Иван Никулин ва чанд нафар разведкачиёни дигар шабона ба «шикор» баромадем. Аз пеш ғави симхор баромад.
Симхорро бурида ба роҳамон давом додем. Фашистон ракета парронда атрофро равшан мекарданд. Ноилоҷан ба замин парӯ мехобидем. Ба хандақи душман ҳам расидем. Дар ҷои бехатар камин гирифтем. Чанде дуртар аз мо навбатдори фашистон хомӯшона қадам мезад. Вале ба мо солдати қаторӣ лозим набуд... Бо як азоб ба ҷангали анбӯҳ рафтем. Соати 2 шаб. Ҳама ҷо сокит. Ҳама дукасӣ тақсим шуда, ба самтҳои гуногун

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё