Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ба сафи Армияи Советӣ даъват шуданаш, отделенияю взвод, полку дивизияе, ки он ҷо хизмат карда буд, сабт ёфтаанд. Дар дафтари хотира чанд лаҳзаи ҷанг низ иншо гашта буд. Инак, порчаеро аз он лаҳзаҳо меоварем:

«Сарҳад. 21 июни соли 1941. Пас аз навбатдорӣ истироҳат мекардам. Як поси шаб гузашта бошад ҳам, аз чӣ бошад, хобам намебурд. Ба назарам шаб ғайримуқаррарӣ менамуд. Ҳар шаб мо, сарҳадчиёни навбатдор, як ё ду вайронкунандаи сарҳади давлатиро дастгир мекардем. Ин ҳама далели он буд, ки фашистон ба мамлакати мо низ ҳамла оварданианд. Вале кай?...

Аммо имшаб, баръакс, ҳама ҷо орому сокин буд. Дар оғӯши чунин хаёлҳо хобам бурдааст... Баногоҳ аз гулдурроси таркишҳо як қад парида хестам. «Бонги хатар» пайваста садо медод. Пулемети дастиро гирифта, худро ба хандак партофтам. Ин дам рақами 2-юми расчёти пулемёт Остроухов ҳам дар паҳлуям пайдо шуд...

Душман чун мӯру малах сӯи мо ҳуҷум меовард, мили пулемётҳо сӯяшон нигаронда пайваста оташ мекушодам. Вале гитлерчиён паи ҳам ҳуҷум мекарданд. Муҳорибаи хунину шадид ба вуқӯъ пайваст. Остроухов аз ҳар ду пояш захмдор шуд. Ноилоҷ ӯро кашола карда, ба қисми санитарӣ бурдам. Ин замон, азбаски қувваи душман чандин бор зиёд буд, бо супориши фармондеҳ ба Шарқ ақиб нишастем...»1.

Ҳуҷҷатҳои архив низ собит менамоянд, ки Иван Михайлович аз зумраи он ҷанговароне буд, ки зарбаи аввалини фашистонро ба худ қабул кардаанд. Вай ҳанӯз соли 1939 ба сафи армия даъват шуда буд. Он

1 Архиви давлатии марказии РСС Тоҷикистон, ф. 1691, р. 2, д. 58.

пешина
аз 139
навбатӣ