Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
«Зинда аст мурдае, ки ҳама ёд
мекунанд.
Бо ёди номи ӯ дили худ шод
мекунанд».
СИМАКОВ
Иван Михайлович
(1920—1972)
Моро зани миёнақади хушсимо Клавдия Сергеевна Симакова бо илтифоти тамоми қабул кард. Аз нияти мо огоҳ шуда, хушҳолона ба гап даромад:
— Ман ба Иван Михайлович соли 1946 ба шавҳар баромадам. Он вақтҳо вай дар қисми ҳарбӣ, ки дар Тоҷикистон воқеъ аст, хизмат мекард. Рӯзе бо ҳам шинос шудем, чандин бор вохӯрдем, арзи муҳаббату садоқат кардем ва билохир рафиқи ҳаёт шудем. Мо 26 сол бо ҳам зистем, зиндагии тифоқу аҳлона доштем.
Вале марги бемаҳал соли 1972 ӯро аз ҳаёт рабуд,— гӯён дар чашмонаш об чарх зад.
Сипас, Клавдия Сергеевна папкаеро оварда, болои
стол гузошт. Дар он дафтарчаи ордену медальҳо, таҳсинномаю табрикномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо буданд, ки
бо гузашти айём зард шудаанд. Аз қабати ҳуҷҷатҳо
дафтарчаи хотираҳои ҷангии ӯро ёфтем. Дар он рӯзи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё