Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
кард. Ӯ хуб мефаҳмид, ки Ватан, диёри азизаш ба қувваи коргарӣ эҳтиёҷи калон дорад.
Дере нагузашта, Аҳмадҷон Рӯзиев инспектори ГАИ-и шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Ленинобод таъин мегардад. Он ҷо ду сол кор карда, сипас соли 1949 ҷонишини раиси сельпои Ёва оид ба маҳсулоттайёркунии шӯъбаи дар Ленинобод будаи Тоҷикматлубот таъин мегардад1.
Собиқ сарбози Ватан дар фронти меҳнат низ намунаи ибрат гардид. Хоксорию фурӯтанӣ ҳамқадаму ҳамнафаси ӯ буданд. Ба мардум ҳаддиалмкон дасти ёрӣ дароз менамуд. Бинобар ин дар андак муддат миёни мардум чун шахси кордону меҳнатдӯст ном баровард. Меҳнати ҳалолу софдилонаи ин марди некдил 26 августи соли 1957 бо Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва 4 феврали соли 1958 бо нишони сарисинагии «Аълочии савдои советӣ» қадр карда мешавад.
Ҳамин тариқ, ӯ чӣ дар ҷанг ва чӣ дар арсаи меҳнат намунаи ибрат гардид. Барои хизматҳои ҷангиаш Комиссариати ҳарбии вилояти Ленинобод моҳи феврали соли 1975 номи Аҳмадҷон Рӯзиевро ба «Дафтари фахрӣ» сабт намуд. Баробари ин Аҳмадҷон Рӯзиев депутати Совети қишлоқ, аъзои бюрои партиявӣ низ мебошад.
Ветерани ҷангу меҳнат Аҳмадҷон Рӯзиев шукронаи давру замонро мекунад, аз комёбиҳои халқу Ватан меболад.
1 Архиваи марказии давлатии РСС Тоҷикистон, ф. 1750. р. 1. д. 1.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё