Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
хора ба хотир оварда менависад: «Қӯшунҳо аз дарёи Висла чунон бошиддат мегузаштанд, ки дар лаҳзаҳои ҷудогона рӯи об дар як вақт ҳам заврақҳои душмани рӯ ба гурез ниҳода ва ҳам қайқҳои қисмҳои пешгарди қӯшунҳои мо ҳаракат доштанд»¹.
Аҳмадҷон Рӯзиев, ки мавриди гузаштан аз дарёи Висла шуҷоати беамсол нишон дода буд, бо тавсияи командири полки 240 санитарӣ полковник Русаков бо ордени Шараф дараҷаи I қадр карда мешавад.
Ӯ ба ҳар се дараҷаи ордени Шараф сазовор гардид. Ҳамяроқон ӯро чун қаҳрамони ҳақиқӣ иззату эҳтиром менамуданд ва бо ӯ ифтихор доштанд. Аҳмадҷон то интиҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сафи пеш меҷангид, корномаҳо нишон медод, дигаронро ба пеш ҳидоят менамуд. Ӯ махсусан дар озод намудани Варшава, штурми Берлин намунаи шуҷоату ҷасорат нишон дод ва бо ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи II, медали «Барои озод кардани Варшава», медали «Барои ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941—1945» мукофотонида шуд.
Корномаҳо, роҳбарии намунавии Аҳмадҷон Рӯзиев инчунин бо чанд грамотаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР қадр карда шудааст.
Ҳамин тавр, Рӯзиев дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ то охир иштирок намуда, пас аз анҷоми музаффаронаи ҷанг бо сари баланд ба зодгоҳаш, назди хешу ақрабо, ҳамдиёру ҳамсабақҳо баргашт.
Он рӯз хурсандии аҳли деҳро ҳадду канор набуд. Хонаи Аҳмадҷон тӯи ҳақиқиро мемонд. Мардум хурсанӣ ва шукрона мекарданд, ки ҷанги зидди фашизми гитлерие, ки хонумонсӯз буд, музаффарона ба охир расиду дилу дидаи пурҳасрати онҳо аз дарду алам тоза шуд. Пас аз чанд рӯзи дидорбинӣ Аҳмадҷон ба кор шурӯъ-
¹ Пушков Н. П. Годы испытаний, М., 1959, саҳ. 63—64.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё