Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
Аҳмадҷон Рӯзиев барин санитарҳои мумтозу бебок ба маҷрӯҳони зиёде умри дубора бахшидаанд.
Вай барои шуҷоати беназираш бо тавсияи командири полки 240 санитарӣ майор Хейфем бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз карда мешавад.
Рӯзиев таҷрибаи калони ҷангӣ ҳосил карда, ба мансаби инструктори калони взводи санитарӣ соҳиб шуд. Тобеон аз ӯ дарси маҳорату малакаи санитарӣ меомӯхтанд.
Дар ҳуҷҷати Архиви Вазорати Мудофиаи СССР сатрҳои зер мавҷуданд: «Аҳмадҷон Рӯзиев дар торумори 79 ҳазор эс-эсчиён, ки дар қалъаи Бранденбург паноҳ бурда буданд, намунаи ҷасорату матонати фавқулодда нишон дод. 28 июли соли 1944 бошад зери оташфишонии душман яке аз аввалинҳо шуда, ба соҳили ғарбии дарёи Висла гузашта, ба 43 нафар қаҳрамонони майдонҳои ҳарбу зарб ёрӣ аввали тиббӣ расонда, бо мушкилиҳои зиёде онҳоро ба соҳили рости Висла, ба қисми санитарии полк овард.
Фашистон бо ҳар роҳ мекушиданд, ки ба ин имкон надиҳанд».
Ставкаи Сарфармондеҳи Олӣ дар ин бора директиваи махсус дод. Дар он гуфта мешуд: «Солдатӯ офицероне, ки ҳангоми гузаштани дарёи Висла корномаҳо нишон медиҳанд, бо мукофотҳои махсус, орденҳо ва унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гардонда шаванд» 1.
Ҳангоми гузаштани дарё хунрезиҳои беамсоле шуд, садои яроқу аслиҳаи тарафайни замину замонро ба ларза меовард. Заврақҳои аз тири туфанг таркида рӯ-рӯи об шино мекарданд. Генерал-полковник Н. П. Пухов, ки ба армияи 13-ум фармондеҳӣ мекард, он рӯз-
1 «История Великой Отечественной войны Советского Союза» (1941—1945), ч. 4. «Воениздат», М., 1963, саҳ. 219.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё