Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
августи соли 1944 бо ордени Шараф дараҷаи III сарфароз гардонда мешавад.
Он рӯз хурсандии маро ҳадду канор набуд, — мегӯяд Аҳмадҷон Рӯзиев.
Илова бар он, ҳамон рӯзҳо ӯро ба сафи партияи пуршарафи Ленин қабул карданд. «Дар ҳарбу зарби зидди фашизм коммунист будан мехоҳам», — навишта буд вай дар аризааш.
Боре чунин воқеа рӯй дод: «Зимистони қаҳратун буд. Ҷанги хунини тан ба тан мерафт. Ба замми ин шамоли сахт мевазиду азобро дучанд мекард. Ногоҳ Аҳмадҷон дид, ки командири батальон майор Трусов аз сар сахт захмдор шуда, миёни обу оташ беҳуш хобидааст. Наздик рафта хост ӯро ба китф бардорад, ин дам ҳис кард, ки танки немис сӯи онҳо мешитобад. Бо як чолокӣ майорро ба хандақ кашид ва гранатаҳоро тайёр кард...
«Шоҳпаланг» оташ гирифт. Сипас, майорро ба китф бардошта, дар он сармо беш аз 7 километр роҳро тай намуд ва ӯро ба қисми санитарии батальон расонд. Офицери советӣ наҷот ёфт».
Ин гуна лаҳзаҳо дар ҳаёти ҷангии ӯ кам нестанд.
Инак, боз як ҳуҷҷати архивиро варақ мезанем: «23 — 30 январи соли 1945 сержанти хурд Аҳмадҷон Рӯзиев вазифаи санитари взводи санитарии батальони 2-юмро адо мекард. Дар муҳорибаи шадиди соҳили чапи дарёи Висла мудофиаи душман рахна карда шуд. Аҳмадҷон дар ин муҳорибаи пурдаҳшат миёни оташи артиллерияи душман беш аз 32 ҷанговари маҷрӯҳ ва 2 офицери ярадори советиро аз майдони ҳарбу зарб берун оварда, ба қисми санитарӣ расонд»¹.
1 АрхиВи марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 690155, д. 5979, в. 176.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё