Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
кард ва ба онҳо ҷиҳатҳои муҳимтарини кори разведкаро омӯхт. 16 феврали соли 1945 ба гурӯҳи ҳафтнатафараи разведкачиҳо роҳбарӣ карда, аз хати пеши душман гузашт ва гурӯҳро ба ақибгоҳи душман бурд. Ҳангоми гузаштан ба ақибгоҳи душман ӯ бар душман назорати қатъӣ ташкил кард, бо командири дивизия алоқаи доимӣ дошт ва маълумотҳои заруртарин мерасонд. Ҳангоми расидан ба роҳи сангфарш тавассути назорати ҷиддӣ муайян намуд, ки душман қувваҳои захираи худро ба тарафи рости дивизия равона карданист. Дар ин бора ба командири дивизия хабар расонда, пеши роҳи ҳуҷуми ҷавобии душманро гирифт ва дар натиҷа душман бо оташи артиллерияи мо торумор карда шуд. Гурӯҳи разведкачиёни Симаков ду шабонарӯз дар ақибгоҳи душман амал карда, якчанд маҳалҳои ба мо чандон номаълумро аниқ намуда, оид ба хати симхори душман ва дигар монеаҳо, доир ба мавқеъ ва шумораи артиллерия ва қувваҳои танкии гитлерчиён ахбори аниқ расонд. 12-уми феврали соли 1945 гурӯҳи разведкачиён бо сардории Симаков то 12 км ба дарунтари ақибгоҳи душман роҳ ёфта, ҳангоми гузаштан аз роҳи сангфарш ба гурӯҳи 20-нафараи фашистон, ки ҳамроҳашон сагҳои бӯйгир буданд, дучор омаданд. Рафиқ Симаков моҳирона ҳилаи ҳарбиро ба кор бурда, аз таъқиби фашистон раҳо ёфт ва иҷрои супориши ҳарбиро идома дод. 18 феврали соли 1945 дар бораи дар қаноти чапи дивизия пайдо шудани қувваҳои танкии душман сари вақт хабар расонд ва дивизияро аз тайёрии ҳуҷуми ҷавобии фашистон огоҳ намуд. 19-уми феврали соли 1945 командири дивизия ба разведкачиён фармон дод, ки ба қисм баргарданд. Разведкачиён ҳангоми гузаштан аз қисми пеши хати мудофиаи душман дар иҳотаи фашистон монданд. Рафиқ Симаков намунаи олии мардонию қаҳрамонӣ нишон дода, ба гурӯҳ амр кард, ки ба хандақи фашистон ҳучум

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё