Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

оварда расонд. 8 май, соати 22 фармондеҳон олии гитлерӣ дар Берлин ба Акти бечунучаро таслим шудани Германияи фашистӣ имзо карданд»¹.

Фиристодаи Истаравшани бостонӣ Раҳим Раҳмонов дар ишғол намудани истироҳатгоҳи яке аз саркардагони ҷанги дуюми ҷаҳон — Геббельс ҷонбозиҳои беамсол карда буд. Барои ин қаҳрамониҳояш бо ордени тиллои Шараф дараҷаи I сазовор гардид.

Ӯ ҳамчунин дар озод кардани кӯчаю майдонҳои шаҳри Берлин низ фаъолона иштирок дошт.

Ҳамин тариқ, фарзанди диловари халқи тоҷик Раҳим Раҳмонов соли 1946 бо сари баланд ба зодгоҳаш — Истаравшан бармегардад.

Вай баъди чанд рӯзи истироҳат ба фаъолияти меҳнатӣ камар мебандад. Дар колхози ба номи Чапаев бештар аз 15 сол сардори бригада шуда кор мекунад. Солҳои охир бошад ӯ мироби колхоз буд.

Дар меҳнат низ ӯ намунаи ибрати ҳамкасбон буд. Барои меҳнати ҳалолу хоксоронааш вай бо ордени Революсияи Октябр сарфароз гаштааст. Соли 1972 Вазорати саноати озуқавории СССР номи ӯро чун пешқадами истеҳсолот ба «Дафтари шарафи меҳнат» навишт, вай инчунин бо якчанд медалу грамотаҳои фахрӣ мукофотонида, борҳо депутати Совети қишлоқ интихоб шудааст.

Дар совхоз номи ин марди хоксору меҳнатдӯст, Қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва устоди меҳнатро бо эҳтироми тамом ба забон мегиранд.

Ёдат ба хайр, Раҳим Раҳмонови диловар!

1 «Украинская ССР в Великой Отечественной войне Советского Союза», саҳ. 371.

пешина
аз 139
навбатӣ