Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
ни командир бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз мегардад.
Пас аз табобат ӯ дар сарзамини Германия ба ҷанги зидди фашистон камар мебандад.
Фашистон тамоми қувваҳои боқимондаи худро дар Берлин гирд оварда, онро ба қалъаи мустаҳкаме табдил дода буданд. Муҳорибаҳои даҳшатовар баҳри ишғол намудани Берлин аз хотирҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд. Ғалабаҳои таърихии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР зимистони соли 1945, ҳуҷуми қӯшуни иттифоқчиёни мо аз Ғарб ба торумори қатъии армияи фашистӣ шароит муҳайё карданд. Дар торумори фашистон чун пештара Армияи Сурх роли асосӣ мебозид.
«...Армияи иттифоқчиёни мо дар нимаи дуюми моҳи март аз нав ба самти дарёи Рейн ба ҳуҷум гузаштанд. Фронти ғарбии Германия амалан бе муқобилат таслим гашт ва англису американҳо бемамоният ба пеш ҳаракат карданд. Фронт аз чор самт ба Берлин наздик меомад.
Қӯшунҳои советӣ мекӯшиданд, ки супориши Ватан — дар Берлин барафрохтани Байрақи Ғалабаро ҳарчи зудтар ба ҷо оваранд. Махсусан дар назди бинои Рейхстаг муҳорибаҳо басо шиддатнок давом доштанд...
Субҳидами 1-май аллакай Байрақи Ғалаба дар Рейхстаг партавафшонӣ менамуд.
Пойтахти Ватани паҳноварамон — Москва ғолибонро хуш истиқбол намуд. Қисмҳое, ки дар муҳорибаҳои Берлин иштирок карда буданд, номи Берлинро гирифтанд. Бештар аз 600 нафар ҷанговарон ба номи «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» сазовор гаштанд. 1.082 ҳазор нафар ҷанговарон ба медали «Барои гирифтани Берлин» мушарраф шуданд.
Ғалабаҳои таърихии Қувваҳои Мусаллаҳи Советӣ дар амалиётҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, алалхусус дар амалиёти Берлин ба торумори қатъии фашизми Германия

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё