Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

гузаштани дарёи Висла Раҳим Раҳмонов ҳамчун командири расчёти миномётчиён намунаи ибрат нишон дод. Ӯ яке аз нахустинҳо шуда бо заврак миномёти худро ба он соҳили дарё гузаронд ва ба гузаштани қӯшунҳои советӣ ёрӣ расонд. Ба ин муносибат ҷанговарони зиёде ба ордену медальҳо пешбарӣ карда шуданд» 1. Оид ба корномаҳои ҷангии Раҳим Раҳмонов ҳуҷҷати Архиви Вазорати Мудофиаи СССР ба тариқи зер гувоҳӣ медиҳад: «Дар муҳорибаҳои озод кардани шаҳри Любен аз 7-уми феврали соли 1945 рафиқ Раҳмонов, ки аз оташи артиллерияи душман сахт ярадор гашта буд, ҷангро давом дода, тир мекашонд. Ӯ миномёташро ба кор дароварда, ду пулемёти душман ва 20 гитлерчиро ба ҷаҳаннам фиристод.

Барои ҷасорату устувориаш рафиқ Раҳмонов ба мукофоти ҳукуматӣ сазовор аст.

Командири полки 1178-уми тирандозӣ, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ полковник Барбосов» 2.

Бо фармони рақами 09-Н-и полки 350-уми тирандозӣ «Байраки Сурх» ва ордени Богдан Хмельницкийдори Житомир аз 18 феврали соли 1945 Раҳим Раҳмонов бо ордени Шараф дараҷаи III мукофотонида мешавад.

Музаффариятҳои Армияи Советӣ Раҳмоновро рӯҳбаланд менамуд. Дар ҳуҷҷатҳои архив зикр шудааст, ки Раҳим Раҳмонов миёни оташи яроқу аслиҳаи душман командири сахт ярадоргаштаи батальонро ба пушташ бардошта, то қисми санитарии батальон расонд, ҳол он ки худи ӯ низ сахт захмдор гашта буд.

Раҳим Раҳмоновро чанд вақт дар госпитали саҳроӣ табобат мекунанд. Дар ин муддат ӯ барои наҷот дода-

1 Демочкин А., Макашов А., Дорогами славы. Душанбе, «Ирфон», 1975, саҳ. 124.
2 Архивиси марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 690155, д. 6070, в. 287, 331.

пешина
аз 139
навбатӣ