Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Фидокориҳои чунин сарбозони сурх буд, ки ҳуҷуми барқвори гитлерчиён бартараф карда шуд.

Бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 15 май соли 1946 Игамбердӣ Ҳоҷамбердиев бо ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонда мешавад.

Ҳамин тариқ, фиристодаи кишвари тоҷикон, коммунист Игамбердӣ Ҳоҷамбердиев қаҳрамони ҳақиқӣ шуд. Сари синаи ӯро се ордени Шараф зинат медод.

Ҳамин тариқ, пас аз итмоми зафаровари ҷанг ӯ бо сари баланд ба зодгоҳаш баргашт.

Пас аз адои ҳифзи Ватан Ҳоҷамбердиев ба меҳнати ҳалолу софдилона камар мебандад. Ӯ солҳои 1946 — 1947 котиби ташкилоти партиявии Совети қишлоқ, солҳои 1947 — 1950 котиби ташкилоти партиявии колхози ба номи Калинин, солҳои 1952 — 1960 сардори бригадаи пахтакорӣ шуда кор кардааст. Чун коммунист ҳамеша дар сафи пеши аҳли меҳнат буд. Соли 1957 чун узви пешқадам ва ташкилотчии моҳир дар Выставкаи умумииттифоқии хоҷагии қишлоқ дар шаҳри Москва иштирок дошт.

Ин марди ҳалиму хоксор солҳои зиёд дар комбинати маъдани Адрасмон низ кор кардааст. Дар андак вақт дар байни коргарон чун шахси софдилу меҳнатдӯст эътибори калон пайдо кард. Ӯ ёрдамчии фаъоли котиби бюрои партиявии фабрика, аъзои фаъоли дружинаи халқӣ буд. Меҳнати пурсамари ӯ бо нишони сарисинагии «Аълочии мусобиқаи социалистӣ», зарбдори меҳнати коммунистӣ, Грамотаи фахрии фабрика қадр карда шудааст. Комитети комсомоли райони Ашт бошад барои ширкати фаъолонааш дар кори дружинаи халқӣ бо таҳсинномаи фахрӣ тақдир намудааст.

Меҳнати хоксоронаи Ҳоҷамбердиев инчунин бо медальҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», нишони «Аълоции

пешина
аз 139
навбатӣ