Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ин ҳама туфайли зиракӣ, садоқат ба Ватани сотсиалистӣ даст дод.

Полки 890-уми артиллериягӣ, ки дар он Игамбердӣ Хоҷамбердиев меҷангид, дар наздикии деҳаи Қонници ба қӯшуни бешумори гитлерчиён рӯ ба рӯ омад. Муҳориба басо шиддатнок буд. Аз расчёти Игамбердӣ ҳама ҳалок гаштанд. Худаш ҳам тир мекашонду ҳам сӯи душман оташ мекушод. Ногоҳ аз дасти росташ тир хӯрд, вале аз сари тӯп дур нашуд... Он рӯз фашистон ноилоҷ Қоннициро тарк намуданд.

Дар ин бора дар варақаи мукофоти ӯ, ки дар Архиви Вазорати Мудофиаи СССР маҳфуз аст, чунин навишта шудааст: «14 феврали соли 1945. Дар муҳорибаи пурдаҳшат Игамбердӣ бо тӯпи худ як пункти назорат, се нуқтаи оташфишонии душманро аз кор бароварда, беш аз 70 гитлерчиро ба ҳалокат расонд»1.

Барои корномаҳои беназираш дар ин муҳориба ӯ бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардонда мешавад.

Ин қадршиносӣ, — мегӯяд ӯ, — маро боз ҳам бештар водор кард, ки барои аз зулму ситами фашизми лаин озод кардани Ватан диловарона мубориза барам.

Дар райони Фридрихстал, — мегӯяд Хоҷамбердиев, — ҷанги хунине рӯй дод. Гитлерчиён девонавор муқобилат мекарданд. Вале мо, аскарони сурх, бо қувваи дучанд ба ҳуҷум мегузаштем.

Оре, дар ин бора ҳуҷҷатҳои архив низ маълумот медиҳанд. «Игамбердӣ Хоҷамбердиев шахсан бо оташи тӯп 2 пулемёту 1 миномёти душманро аз кор бароварда, 21 фашистро ҳалок гардонд ва ба зада гардондани ҳамлаи ҷавобии душман мусоидат намуд» 2.

1 Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 686196, д. 5479, в. 261.
2 Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 564521, д. 176, в. 306.

пешина
аз 139
навбатӣ