Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

бошад? Боз даруни дил Ойя хурсанди дошт, ки окилона кардааст, ки ба назди «якум» меравад. Шояд ха­нӯз дер нашуда буду шуди гапро ба «якум» гуфтан. Ва хунсардона ба Магвалӣ ҷавоб дод:

— Касе, на якуму на дуюм Раҷабрро чег назадааст, ин ҳам бофтан одамон.

— Хайр чег назада бошанд, чег мезананд,— Магвалӣ песонда нигоҳ кард ба Ойя ва хомӯш монд. Ароба, ки аз канори ноҳамвору серсанги роҳ мерафт, якбора пасту баланд шуд. Ойя аз чӯби паҳлӯи он маҳкам дошт.— Келин ба ҷои ман гузар, мабодо бидон ба рӯи поят наафтад,— гуфт Матвалӣ ва худаш ба нишастгоҳи пеш гузашт.

— Ин қадар роҳ наафтиду акнун меафтад,— бо қаҳр ҷавоб дод Ойя.

— Аҷаб одамоне! — хитоб кард Матвалӣ.— Бо онҳо некӣ мехоҳию дар ҷавоб бад мешунави.

Ӯ бо ҳавон тарак-туруки чархҳои ароба овоз андохт:

То кӯм ту омадам, ки аҳли назари,
Бе ту набудӣ зӣ умри некӯ асаре,
Дастони сафедаки ту бар зери сарам,
Ин аст маро муроду ту бехабарӣ.

Қарибии пули навбатӣ аз болон чӯи калон Матвалӣ лаҷомро ба тарафи рост гардонд. Ойя бесаранҷом шуд ва ҳанӯз ба пурсидан фурсат наёфта худи Матвалӣ ҳа­ракаташро шарҳ дод:

— Аз чӯй мегузарем. Чархҳои аробаро нам кардач даркор, бутун хушк шудаанд.

Ойя ором шуд. Ҳатто худашро барои фикрҳои ноҷо сарзаниш ҳам кард.

Тақрибан пас аз даҳ метр Матвалӣ аробаро ба маҷ­рои наҳрак андохт ва дар мобайни об онро боздошт. Бэ атроф як назар андохту аз ҷо чахида даруни чӯ дар- мад. Оби то миёнаш омадаро бо дастон «бел» зада ба назди Ойя омад. Аз чеҳрааш ваҳму ҳарос ва авзои но- ҷояш намудор буд. Ва дар ҳамон ҳол ба Ойя даст да- роз кард:

— Келин, биё ман фурорамат.

— Барои чӣ?

— Ман ҳозир ба тамоми ароба об мепошам. Биё фа­ро, ки боз куртаи зебои гулинорат тар нашавад.

— Ҳе, маккоре,— андешид Ойя. Тамоми аробаро об

пешина
аз 328
навбатӣ