Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
бояд фикри худашро дошта бошад, ба суханони одамчӯғ гӯш надиҳад.
Аммо Матвалӣ паст омадан намехост.
— Одамон ҳеҷ лаҳза, дар ҳаққи Матвалӣ суханони бад гуфта наметавонанд. Гуфтанашон мумкин, ки Матвалӣ муҷаррад, камбағал, танҳо зиндагӣ мекунад, касе нест, ки либос шӯяду хӯроки гармаш пазад. Ин дуруст — ман танҳоям либосам ҳам чиркин ва касе нест, ки бо як пиёла чои гарм пешвозам гирад. Агар дили ягон кас ба ман сӯзад бигузор занашро фиристад, ки либосамро шӯяд.
Ойя хомӯш андеша мекард: «Дилат дигар чиз намехоҳад? Занҳои шавҳардор ҷомашӯии худашон кам аст, ки омада либоси туро шӯянд».
Хомӯшии Ойя ташвиши Матвалиро афзуду вай мавзӯи сӯҳбатро тағйир дод.
— Дар кишвари Марв ӯ мумкин Сақар — Чок як шахси тундзабони оворагард бо номи Махдумқулӣ зиндагӣ карда буд.
Қариб буд Ойяро ханда гирад аз шунидани ин суханон дар бораи шоири дӯстдоштааш.
— Мумкин Махдумқулӣ аз Сақар-Чок нею аз Иолобан бошад?
Матвалӣ ҳеҷ гумон надошт, ки боиси ханда мешавад, аз ин рӯ ҷиддӣ гуфт:
— Аҷаб не. Вай оворагард буд. Як рӯз дар Сақар- Чоку рӯзи дигар дар Иолотан мегашт. Ин шахс як фикри оқилона гуфтааст: «Гурӯҳе нони хӯрдан надоранду қисми дигар намедонанд, ки нонро куҷо монанд: Мисли ҳамин ба ману Раҷаб рӯй додааст. Яке аз мо наметавонад чунин зан мисли ту ёбад, Раҷаб бошад...
— Чӣ, Раҷаб? — овози Ойя аз ғояти ғазаб ларзид.
Вай ҳеҷ фаҳмида наметавонист, одамон чӣ тавр аз бемуросоии онҳо огоҳӣ ёфтаанд? Худаш ба касе аз ин хусус лаб накафондааст. Раҷаб ҳам одами сергап нест.
Хушдоманаш гапи хонаро ҳеҷ гоҳ ба берун намебарорад. Аҷиб, дар дунё ҳеҷ сирре ниҳон намемондааст.
Мулло Расул ба гӯшаи хаёлаш ҳам намесисад.— Ин хел суханро танҳо душманони Раҷаб, ҳасудон мегӯянд — гуфт Ойя.
— Барои суханони ҳасудон ба фикрам Раҷабро ба райком, назди «якум» даъват намекардагистанд!
«Тавба, боз «якум»! Ин Матвалӣ аз куҷо хабар ёфтааст? Наҳод аллакай Ҳаким-ого ба «якум» шикоят карда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё