Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
кард ва оҳиста аз роҳ баромад. Ойя ҷониби бероҳа кашидани лаҷоми шутурро баръало медид. Матвалӣ ба Ойя нигариста саросема ба чархдиҳӣ даромад.
— Ҳайвони бечора ҳар рӯз ду дафъа ин роҳро тай мекунад, бигузор каме дам гирад.
Ойя ба гап ҳамроҳ нашуд. Матвалӣ аз ҷойи дигар сухан оғоз кард.
— Чӣ ба даҳонат об гирифтӣ? Ба худо, ҳеҷ рӯйпӯшин духтарони авлодамон намефорадам. Магар эҳтироми якдигар бад аст, гап задан номумкин аст? Ман он қадар солхӯрда ҳам нестам, ки рӯй пӯшонанд. Вақте ба ман ҷавоб надода рӯй мепӯшанд, сахт аламам мекунаду гумон мекунам, ки пир шудаам, дигар ба худ ҷуфти муносиб ёфта наметавонам ва ин оламро яккаву танҳо тарк мегӯям. Охир як калима гап занӣ куҷоят кам мешавад?
«Дар воқеъ, чаро бо вай гап назанам, — андешид Ойя, — бе ин ҳам тақдир ӯро носозгор буд. Вай оҳиста гуфт:
— Не, не Матвалӣ, ҳоло то пириат хеле вақт даркор. Ту, бисёр бошад аз Раҷаб се-чор сол калонӣ.
Барои он ки дили аробакаш бардошта шавад синнашро нисфе кам нишон дод. Аммо мард аз ин суханон ба тарзи худ хулоса кард:
— Э, ҳатто се-чор сол кале, Ойяҷон, як сол фарқ ҳаст. Худат медонӣ, шаҳодатномаи таваллудро дар мо чӣ тавр пур мекунанд?
Ойя чӣ ҷавоб доданашро надонист. Хомӯшӣ ба миён афтод ва оқибат Матвалӣ онро халалдор кард:
— Келин, росташро гӯй, он чӣ ки мардум мегӯянд, рост аст?
— Чӣ мегӯянд онҳо? — пурсид Ойя.
— Овоза ҳаст, ки гӯё Раҷаб аз занаш ҷудо мешудааст.
Дили Ойя тах кашид. Сад бор пушаймон буд аз омада Матвалӣ ҳамсафар шуду гап зад. «Пиёда ҳам рафта мерасидам, — худро маломат мекард вай. — Ё умуман ба гап ҳамроҳ намешудам. Ҳапу дам шину рав буд... Ба ҳар ҳол ҳамгап шудан нағз. Агар фикри ноҷо гӯяд адабашро медиҳам...»
— Эй Матвалӣ, — ҷавоб дод вай, — халқ ҳар чӣ мегӯяд. Агар ба гапи одамон равӣ, дар ҳаққи ту ҳам суханҳое мегӯянд, ки мондан гир. Одами боаклу фарасат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё