Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
ва аз тахти дил дӯсташ дошта наметавонад. Шояд, аз дил мегузаронд Ойя, касеро ки дӯсташ доштааст ба қадраш нарасад. Ҳайратзада буд ӯ. Омода ба хотири хушбахтии Раҷаб ба ҳар кор даст занад, ҳатто аз ӯ даст кашад, агар вай бо ҳамон зани тахминкардааш сафову саодат бинад. Акнун ба сари Раҷаб балои «якум» омад. Ин «якум» ба суханони Ҳаким-ого бовар кунад, ҳоли беин ҳам табоҳи Раҷаб табоҳтар мешавад...
Дар дил қарор кард ӯ Раҷабро ҳимоя мекунад. Бо он одами боломақом — «якум» вохӯрда марди ҳақиқӣ ва бемисл будани Раҷабро ба ӯ мегӯяд ва таманно мекунад, ки ҳеҷ муҷозотеро ба шавҳараш раво набинад.
Субҳи бармаҳал чашмонашро аз хушдоман пинҳон дошта Ойя хоҳиш кард, ки иҷозат диҳад сари қадам ба аёдати волидайн равад. Набот-оча бидуни ягон андеша розӣ шуд. Азобу уқубати келинашро ба пуррагӣ медонист кампир ва хост, ки вай чанд муддат ба падару модараш бошаду ғубори дил барорад. Аммо ба ногаҳ дили кампир аз андешаи он ки мабодо келинаш ба ҷон расидаву равад ва дигар барнагардд, таҳ зад. Мисли Ойяи пурсабру беҳамто, ки тамоми давраи ҷанг духтарвор дӯсташ дошт, дигар ёфта метавонад.
Дар нимароҳ аробаи колхоз, ки бо маркази ноҳия бидонҳои равғанро мебурд, ба ӯ расид. Шутури пир итоаткорона аз канори роҳ аробаро мекашид. Матвалии аробачӣ шутурро дар баробари Ойя боз дошт. Ӯ ҳам банди андешаҳои бесарунӯг, бидуни ягон хел истиҳола аз бари бидонҳо, дар як гӯшаи ароба амонат нишаст.
Ароба ғиҷирсзанон оҳиста ба роҳ даромад. Ин дам Ойяро хаёле ба сар зад, ки беҳуда ба ароба нишаст.
Матвалии аробакаши сиюпанҷ-сиюҳуштсола, безан буду одамон дар борааш ҳар хел суханҳо мегуфтанд. Занаш пеш аз ҷанг фавтида худаш ба ҷанг рафт. Як сол пеш аз ғалаба захмӣ баргашт. Аммо барои хонадор шудан саросема намешуд. Ҳарду писаракаш дар тарбияи бобою бибиашон буданд. Матвалӣ бошад мисли ҷавонон олуфтаю беғам мегашт, ба духтаракони қадрас чашм мемонду гап мепартофт. Ойя аз пушт ба Матвалӣ нигоҳ карду андешид, ки фарояд ё на. Аммо аробакашу ахлоқи бадаш пеши ғаму андӯҳи феълиаш ҳеҷ намуду тарсу ҳаросро аз дил рабуда, дурусттар нишаста дар фикри сӯҳбат бо «якум» буд.
Тарсу ҳаросаш ба ҳар ҳол беҳуда набудааст. Аз пули ларзонаки Сиҷоб гузашта, ароба суръаташро паст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё