Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
бесаранҷом шуд. Вай умуман «якуму» «дуюмро»
надида буд. Лекин доимӣ нею гоҳу ногоҳ ба саҳро одамони махсус меомаданд. Бехабар меомаданд, дар ду-се мошин. Панҷ-шаш нафар аз мошин берун шуда кори онҳоро муоина мекарданд. Ҳатто ҳолаи Ёмшики аз ҳама одаму олам ба хабар «намегӯяд», ки «якум» омадааст. Ба таъбири вай «инҳо одамони райком» буданд.
Ойа ба таги чашм меҳмонҳоро нозира мекард. Намуди зоҳирӣ ва тарзи оҳистаи гуфторашон аз раису бригадир ва роҳбарони дигари колхоз фарқ дошт. Касе аз аҳли деҳ, ҳатто Ҳаким-ого ҳам чунин мӯзаҳои зарду шимҳои чигарии аз паҳлу пуфак барин дам зада баромада надоштанд. Ҳолаи Ёмшик фаҳмонд, ки кисаҳошон аз серпулӣ чунин ҳалта шуданд. Вақти аз ҷанг баргаштани Раҷаб вай баъд фаҳмид, ки паҳлуҳои барҷастаи шим аз серпулӣ набуда, балки чунин як тарзи дӯхт будааст.
Аз райком омадаҳо маълум буд, ки одамони ба мансаб калонанд, зеро раис бо онҳо бо мулоимати сухан мекард ва ҳеҷ гоҳ ба суханонашон эътироз намекард.
Ойа нағз дар хотир дошт, ки аз ташрифовардагиҳо касе «якум» ном надошт. Дар тасаввури вай «якум» аз Пиё-паҳлавон ҳам мушаддаттар буд, ки ба зӯру қудрати дар Гучук ҳамто надошт. «Якум»-ро бояд ҳама гӯш мекарданд. Ҳаким-ого низ беҳуда ба «якум» мегӯям нагуфта буд. Раҷаб ӯро сахт ранҷонд. Бо одамони аз худ калон, боз раиси колхоз чунин дағалӣ кардан мумкин нест, меандешид Ойа. Акнун Ҳаким-ого ҳама гапро дар бораи Раҷаб ба «якум» мегӯяд, вай бошад ҷазояш медиҳад, боз ба муддати «панҷ соли дигар ба ягон ҷо мефиристад, — меандешид Ойа. — Худаш-ку панҷ сол дар ҷанг буд, Худо накунаду боз панҷ соли дигар... Ин «якум» бешубҳа чунин мекунад, вай ҳатман ба суханони Ҳаким-ого барин шахси барӯманд бовар мекунад.
Мегӯяд, ки Раҷаб занашро мезанад, носозо мегӯянӣ.
Вай бовар мекунаду Раҷабро ҷазо медиҳад»...
Шаби сеюм буд, ки аз ин андешаҳо Ойяро хоб намебурд. Вай ҳатто носозгориашро бо Раҷаб фаромӯш карда буд. Пештар ҳам хобаш намебурд, фикр мекард, ки
чаро Раҷаб аз ӯ дилхунук асту рӯи хуш намедиҳад. Гумон дошт, ки вай дар роҳи ҷангӣ бо дигаре вохӯрдааст. Басанда буд тасаввур кунад, ки Раҷаб бо дигаре
таваҷҷуҳ дорад аз ин хотир ӯро дидан намехоҳад, Ойяро чизе гулӯгир мекард. Не, вай ба Раҷаб рашк намекард, раҳмаш меомад, зеро каси дигар чунин содиқона

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё