Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
пошида тар мекунад, ки ман ҷой наёфта аз паҳлуяш гузашта нишинам. Хуб якраванд ин мардҳо, то гуфтаи худашон нашавад, намемонанд. Ман аз он мегуфтагиҳол ту не, хубаш пиёда меравам...» Аммо Ойя ҳеҷ интизор набуд, ки аз ҷониби Матвалӣ ҳаракате содир мешавад.
Вай дар рӯ ба рӯи Ойя қарор гирифта озодона ӯро бардомит. Ба Ойя, ки то кунун ба ҷуз Раҷаб дасти марди дигаре нарасида буд, расиши дастони Матвалӣ чун барқ асар кард. Вай ба ҳадде ҳайратзада ва дасту по хӯрда буд, ки ба рӯи замини хушк расида бошад ҳам ҳарфе намезад. Сукутро аломати ризо пиндошта Матвалӣ паи иҷрои мақсад шуд. Ойяро дар оғӯш гирифта рӯю лабонашро бӯсидан гирифт.
Нафаси гармро дар рухсораҳояш эҳсос карда Ойя бо тамоми зӯр Матвалиро тела дод. Аммо бевамард, ки аллакай китфони ӯро дар оғӯш дошту ҳарорату нармии бадани зани ҷавонро ҳис карда буд, ҳатто начунбид, ҳуҷумро бештар кард. «Ин кор ба ҳама зан хос, шармгиниашро, ҳаёву ҳилмашро нишон диҳад, — меандешид вай. Набошад чӣ? Вай бояд муқобилат кунад, доду гирев бардорад, нархашро афзояд, ту, Матвалӣ бояд кори худро кунӣ». Ин дам Ойя бо бӯҳчаи даст чунон ба сари Матвалӣ фаровард, ки аз чашмони вай оташ парид. Ба бахташ Ойя хушдоманаш даруни рӯймол каллаканди калон монда будааст. Занакро моида Матвалӣ бо ду даст аз сар дошт.
— Ақлатро хӯрдӣ занак! — шиква дошт Матвалӣ, — Намегӯӣ, ки намурад. — Вай дуздона нигоҳ карда аз паси занаки харосон гурехта истода дод зад: — Дониста бош, Ойя, агар ба касе даҳон кушоӣ, дар тамоми ноҳия машҳуру маълумот мекунам, Фаромӯш накун, ки ту зану ман мардам!
Вақти аз назар дур шудани аробакаши бадкешу аробааш буғча аз дасти Ойя афтоду худ низ бари роҳ нишаста талх гиря кард. «Э, Раҷабҷон, азизам, ба ту чӣ
шуд? Ту маро бе ишқу мудофеъ танҳо мондӣ. Матвалӣ
барин одам маро таҳқир мекунад, паст мезанад. Ба Худо, чонам! Наҳод, ки тағир наёбӣ...? Вай гиря мекард,
овоз бароварда, аз дидагон каф-каф ашк рехта. Мегирист, то даме ки қадаммонии касеро нашунид. Нам аз
дидагонаш парид. Зуд рухсора ва чашмонашро бо даст
пок карда ба атроф нигарист. «Худоё! Одамон маро
гирёну парешон дида чӣ мегӯянд!». Аз ҷой бархоста
мӯю рӯяшро бо дастон ба тартиб оварда ва доманашро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё