Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

аз гарду чанги роҳ тоза намуда ба пеш қадам гузошт.

Дар маркази ноҳия аз зани роҳгузаре бинои райкомро пурсид. Бинои дуошёнаи барҳавою атрофаш сердолу дарахтро ба вай нишон доданд. Вай мутаваҷҷеҳи бино гашта катибаҳои даромадгоҳро бо диққат хонд. Райком дар манзили дуюм воқеъ буд, қабати якум идораи комиҷроия. Вориди бино шуда аз зинаҳои васеи сангин боло шуд. Утоқи кории аввалро ҳам ёфт. Аз дохили он садои мошини чоп ба гӯш мерасид. Лаҳзаи дами дар боз истода Ойя нафас рост карду баъд дари фарбеҳи чарминро боз кушод. Занаки машғули чоп ҳатто сар аз кор набардошта бо ишораи дасту ҷойи нишаст нишон дода кӯтоҳ «нишинед» гуфт.

Ойя болои курсии қатори рӯ ба рӯ нишаст. Қотиба саҳифаро пурра варақро аз мошинка гирифта ба Ойя рӯ овард.

— Шумо ба назди кӣ? — бо қиёфа ва овози ҷиддӣ пурсид вай.

Ойя бо овози ба зӯр шунаво гуфт:

— Ба якум кор доштам.

— Ба якум?

— Ҳа!

Қотиба бо тааҷҷуб ба ӯ нигарист.

— Бо кадом масъала?

— Кори шахсӣ дорам. Аз хусуси Раҷаб. — Аз ҷавоб ба ногоҳ худи Ойяро шарм омад: «Ин занак аз куҷо медонад, ки Раҷаб кист» — Ҳа, аз хусуси Раҷаб... ҳа... вай, вай... шавҳари ман.

Таваҷҷӯҳи қотиба боз бештар шуд. «Наход аз хусуси шавҳараш шикоят омада бошад?» — ҳайрон андешид вай. — Аҷоиб, ҳеҷ надида будам, ки зани туркман аз болои шавҳараш ба райком шикоят кунад. Не, ба шикоятчӣ монанд не. Ҷавону зебо аст, шояд соҳибмаълумот низ бошад. Сару либосаш ҳам озода, колхозчӣ аст, тахмин кард ӯ. — Барои Раҷаб мепурсад. Шояд хоҳише, талабе барои шавҳараш дорад. Занаки ғамхор менамояд». Ва қотиба ин бор бо оҳанги нарм пурсид:

— Ҳатман бояд якумро бубинед? Шояд ба назди дуюм медароед?

— Не, не, ман бояд якумро бинам, ҳатман, — саросема ва бо қатъият посух дод Ойя.

— Ин тавр бошад интизор шавед.

Интизорӣ чандон тӯл накашид. Дари паҳлубозу аз

пешина
аз 328
навбатӣ