Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

он марди миёнақади логарандом, ки рӯи сафед ва мӯйҳои мошубиринчи муносиб ба қафо шонакарда дошт берун шуд ва рост ба назди котиба омада, қоғазҳоро рӯи миз гузошта чизе оҳиста ба вай гуфта боз қафо гашт. Дами дар овози котиба ӯро боздошт.
— Ин занак танҳо ба котиби якум кор доштааст, Иван Васильевич ва бо табассум ҷониби Ойа ишора намуд.
Иван Васильевич дида ба Ойа дӯхта бо ишорам сар салом доду дарро калон кушод.
— Шумо ба назди ман, марҳамат!
Ба утоқ ворид шудан замон ҳайрати Ойа афзуд. Он хеле калон, ҳатто аз толори мактабу ҷон маҷлисгузаронии колхоз калон буд он. Дар охири он мизи ялаккосии болояш телефонҳои зиёд меистод. Мизи дигари дарози атрофаш пур аз курсӣ ба он пайваста буд. Ойа ин гуна мизу курсиҳоро дар умраш надида буд. Тирезаҳои калони утоқ низ пардаҳои сафеди ба сони мавҷ дӯхташуда доштанд. Фаршҳоро қолини калони пекинӣ оро медод. Ҳаҷми калони утоқ аз нахустин қадам Ояро ба ҳайрат овард. Иван Васильевич аз бари миз дароз гузашта ба ҷояш нишаст.
— Марҳамат, хола, гузаред. — Хушҳолона ба Ойа ҷой нишон дод вай. — Шарм надоред, тап занед мо ба хизмат тайёр! — Ҳайрати Ойа акнун дучанд гашта буд. Ин марди рус чунон ба туркманӣ зебо ҳарф мезад, ки гӯё аз ҳамин нажод аст. Аммо аз як гуфтораш дар тааҷуб буд, ки чаро вай ӯро «хола» гуфт. Ба синну сол гумон меравад ки аз хушдоманаш мондание надошта бошад. Аҷоиб. Қариб буд хандааш гирад. Базӯр худро дошта ба миз наздик шуда, як курсиро ақиб кашида нишаст.
— Раҳмат. Лекин ман ба якум кор доштам. Ба он кас гапи муҳим доштам, — гуфт ба эҳтиром Ойа то ки ба «хола» монанд бошад.
Иван Васильевич барои он ки хандаашро фурӯ нишонад даст ба қуттии сигор бурд.
— Ман, ҳамон якуми мегуфтагиатон.
Ойа дасту по хӯрд. Намедонист бовар кунад ё на: «Чӣ хел ин якум? Охир қадат аз Ҳаким-ого ҳам пастку?»
Ба ин минвол чанд лаҳза онҳо хапу хомӯш ба якдигар нигаристанд. Оромиро Иван Васильевич халалдор кард:

пешина
аз 328
навбатӣ