Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
— Ту аз кадом колхоз омадӣ?
— Аз колхози Ҳаким-ого, беҷуръатона ҷавоб дод Ойа.
— Ҳа, аз колхози «Зарбдор»! Хоҷагии пешқадам. Хайр, туро кадом шамол ба ин даргоҳ овард? Гап зан, беибо дарди дилатро гӯй, дар ҳақиқат ман котиби якумам.
Ба утоқ бесадо марди миёнасоли шими аз ду бардамидаю мӯзаҳои зардранг дошта ворид шуд, ва бо эҳтиром ба Иван Васильевич салом дод. Вай беэътиноёна ҷавоб доду шахсе омада таъзим кард, берун рафт. Акнун ба куллӣ Ойа боварӣ ҳосил кард, ки «якум» ҳамин шахс аст ва бепарда ба арзи матлаб даромад. Гуфт, ки Раҷаб инсони хуб аст. Ҳамто надорад. Еламану дигарон ӯро чашми дидан надоранду ва аз ҳасад дар борааш овозаҳои бардурӯғ паҳн мекунанд. Ҳаким-ого бошад ба суханҳои беасоси онҳо бовар мекунад. Беҳуда бовар мекунад. Вай аз якум хоҳиш менамояд, ки ба ҳар гуна гапу калочаҳо бовару Раҷабро даъват накунад...
Якум ботаҳаммул, хомӯш Ойаро шунида ногаҳон пурсид:
— Ҳаким-ого чизе аз хусуси шумоён ба ман нагуфтааст. Имрӯз бегоҳӣ бояд биёед, ман албатта аз ӯ мепурсам.
Ойа аз тарс аз ҷой ҷаст ва ба мизи Иван Васильевич наздиктар омада, бо овози аз ашку тарс гириста гуфт:
— Э, не, илтиҷо мекунам, Иван Васильевич, ба Ҳаким-ого чизе нагӯед. Илтимос. Ман саҳв кардам. Тамоман бад мешавад агар фаҳманд, ки ман ба назди Шумо омадам. Хоҳиш мекунам аз ин хусус ба касе чизе нагӯед.
— Хайр, хуб шудааст, — ором мекард Ойаро Иван Васильевич. Аз нақли вай ба ҳар ҳол аниқ нафаҳмид, ки Раҷабаш чӣ гуноҳе кардааст ва ташрифи ӯро ба райком сабаб чист? Омаданаш ба ҳар ҳол сабаб дорад: шавҳарашро аз газаби «якум» халос кардан мехоҳад. Он чиз номавҳум буд, ки якум барои кадом гуноҳ шавҳари ӯро танбеҳ диҳад. Пас аз гуселонидан банди корӯ гуфторҳои дигар вай ин зани ҷавону аҷонбро фаромӯш кард.
Ҳангоми аз роҳи рост ба тарафи чап, ҷониби аули волидонаш тоб хӯрдан Ойа бори дигар гашта бинӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё