Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дӯшёнаи райкомро нигоҳ кард ва танҳо ҳамин вақт дарёфт, ки ба Иван Васильевич хайрухуш накардааст. Бо ҳамон Иван Васильевичи «якум» ки тамоми тарсу ҳаросаш аз вай буд. Кунун дилаш ҳичил буд, чаро омад? Чаро ҳама гапро гуфт? Акнун чӣ мешавад? Таҳмину фарзияҳои зиёд дар дилаш ҳисси навмедию тарсу барангехтанд. Бегоҳ вақте ки ба хонаи шавҳараш омад, аранге дар ёд дошт, ки чӣ тавр ба назди волидонаш рафт, ба онҳо чӣ гуфту чӣ монд, ба хушдоманаш чӣ пайгом карданд. Хушдоман ҳаросон ба келини ягонаю дӯстдоштааш нигариста аз дил гузаронд, ки хаста шудааст. Чояш дам карда, бо гуфтори ширин кӯфти роҳ баровард ва фармуд, ки рафта истироҳат кунад. Вақти гузоштани намози хуфтан кампир рӯ ба қибла оварда мегуфт: «Худоё, кай имтиҳони мо, бандаҳои гандаат ба охир мерасад».

Овозаи ҷудошавии Раҷаб аз Ойа тамоми деҳаро фаро гирифт. Ҳеҷ кас аз гоҷукиҳо ба ин хабар бетарафӣ зоҳир накард. Баръакс, аз хурд то бузурги воқиф аз ин хабар ба пуштибонии Ойа бархоста, нисбати Раҷаб рӯйрост норозигии хешро изҳор мекарданд. Бе рӯю бе риё мегуфтанаш: — фикр кун, ба худ ой, виҷдонатро азоб мадеҳ, номи поки падарро ба замин мазан. Ҳурмати кампири модаратро кун. Насиҳати зиёдаш карданд. Баъзан сахту дурушт, низ гуфтанд. Аммо бефоида. Раҷаб гӯё, ки чизеро намешуниду касеро намедид. Рӯзу шаб дар фикри он буд, ки Ойаро аз бадбахтии хеш чӣ тавр вораҳонад. Худи ӯ дигар ёрои дидани ранги зоҳири ӯро надошт. Нафаси худро шабона бозмедошт, вақте ки Ойа нишаста ба ӯ нигоҳ мекард. Худро дар хеш нигоҳ медошт, то меҳрубоние аз ӯ сар назанад нисбати Ойа. Тамоми чораҳое, ки ба худ мехост, ҳамаш бар абас мерафтанд.

Ҳафтае баъд аз пинҳонӣ рафтани Ойа ба назди «якум» саҳарӣ Раҷаб бар рағми одат дар утоқи хоб маҳтал шуд. Ӯ бо табассуме, ки дар рӯи ӯ ҷои худро муддати тӯлоине гум карда буд, ба такодавҳои субҳонаи занаш нигариста монд. Ойа баъд аз гирифтани ҳушдор аз Раҷаб таи моҳҳои охир аз пеши худ ибтикоре дар муносибаташон зоҳир намекард. Мисли ҳамин ҳаракат

пешина
аз 328
навбатӣ