Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
кард, табассуми шавҳарашро нодида гирад. Дилаш бошад аз суруру шодӣ дар хонааш бозӣ мекард. «Худоро шукр,— мегуфт зани азияткашида, — тамоми санҷишҳоят ба сомон расиданд, Раҷаб табассум кард. Шояд акнун тамоми корҳо ба беҳбудӣ анҷомад». Ӯ намехост ба умқи орзуҳои бесаруноку фурӯ равад, зеро метарсид, бо ҳаракате ноҷо табассуми шавҳарашро гурезонад. Табассумеро, ки қаблан ба рӯяш чун бахт хандида буд.
Аммо вақте ки вай аз бари ӯ мегузашт, ногаҳон шавҳараш аз дасташ гирифта, ба сӯи худ кашид. Ойа мувозинатро гум кард, ба оғӯши шавҳар афтод. Чашмонаш аз ашк пур шуда буданд. Чун пештара Раҷаб ӯро дар оғӯш гирифта, меҳрубонӣ мекард. Маҳзунона табассум ва ашки чашмонашро пок менамуд. Шӯхӣ мекард, ки агар ӯ гиряро бас накунад, хонаашон зери об хоҳад монд, баъд тамоми ҳавлию аулу деҳа дар об ғарк хоҳад гашт... Ин афсонаҳои дилсӯзонаи ҳамоқатборро Ойа мешуниду гиря мекард ва дар чашмонаш табассум ҷойи гиряро мегирифт. Ниҳоят ин табассум бештару ҷон гирифт, роҳ ба хандаи гуворою беғашу ҷарангосие дод, ки чун тулӯи офтоби баҳорӣ пас аз раъду барк дилкашу ширин буд. Охирин қатраҳои борони рӯшан — ашкҳо низ сарозер шуда бари рухсораҳои тобнок хушкиданд. Каме ба сурур омадаю ором шуд Ойа, бори сангини ғамро аз дӯш ба зер андохт ва нафаси жарфе кашиду рӯ ба соатаки деворӣ гардонд. Аз вақти муқаррарии ноштои пагоҳирӯзӣ соате беш гузашта буд! Аммо касе корашон надошт. Модар ҳатто ба даъваташон ҷуръат намекард. Дилаш намешуд. Аммо ҳар кас бояд ҳадди худ бишносад. Ойа хост баланд шуда, паи кору бори хона равад, аммо Раҷаб музоҳими ӯ гардид. Эҳсоси дасти гарми шавҳари муҳиб рӯи китфонаш хеле гуворо ва лаззатбахш буд. Ӯ аз нав дар сафинаи ишқу орзу савору дар дарёи муҳаббату меҳрубонии шавҳар шиновар шуд — бигузор ҳар касе чизе хоҳад гуфтан гирад. Бигузор Раҷаб дод занаду инҷиқӣ кунад. Ҳаргиз ӯ бовар нахоҳад кард, ки Раҷаб дӯсташ намедорад. Ва он касе, ки дӯст намедорад, наметавонад тамоми ин хислатҳоро бардурӯғ таҷАССУМ намояд. Ойа ҳарфе ҳам барои шарҳ додани ҳолате, ки имрӯзу ин лаҳза Раҷаб дошт, оварда наметавонист. Ӯ ҳамаи онро эҳсос мекард. Ҳамеша эҳсос мекарду медонист.
Ӯ бо майли тамом паҳлӯи Раҷаб нишасту сарашро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё