Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
ё аз пушти гови нав ба бозор рафтан меарзида бошад ё беҳтараш он ҷиро, ки Даврон-ого фармуда буд бофтан роиҷ бошад?
— Ба Холбика фармудан лозим,— гуфт, таъриф карда, Холаи Онадурсун,— ки бозор дарояду фаҳмад, оё дар бозор говҳои фурӯшӣ зиёданд?
— Чӣ, ӯ магар ба шаҳр мерафт?
— Бале, кайҳо боз. Шояд дар роҳ бошад. Ӯ бояд дафтару дигар чизҳоро рафта меовард. Гуфт ки ҳамроҳи ягон шогирдаш меравад. Дафтарҳо бисёраиду худаш танҳо оварда наметавонистааст...
Норточро гӯё ки аз пас касе зарба зад: дафтарҳо? ҳамроҳи ягон шогирдаш? Ӯ бархосту бе ягон саросемагӣ тағйири либос кард. Ана чӣ гап будааст: маълум: ана онҳо дар хусуси чӣ сӯҳбат мекарданд.
— Ҳо мор-э!
— Ту ба куҷо? — чашмонашро аз калоба бардошта гуфт Онадурсун.
— Ҳа, фаромӯш кардам... Агар то нисфирӯз наоям, интизор нашавед. Ялқопу бачаҳоро... Ту хуб... хуб... — «бачаҳоро»...
Аз ҳавлӣ баромада шамоли роҳ ӯро рост ба сӯи мактаб овард. Дар майнааш фақат як андеша давр мезад — «дафтарҳо»... Ҳе мор-э, ҳамаашро аз биният мебарорам! Ӯ худаш намедонист барои чӣ — «ҳамаашро», аммо барои аз бинияш баровардан тайёр буд. Бинед-а, чӣ қадар бо бачаам наздик шудааст, ба дили ӯ ҷо гирифта онҷо лона гузидааст. Не, мо дар як хона зиста наметавонем: Ҳарчӣ бодо бад, аз пеши Ялқоп гузашта ӯро аз хона пеш мекунад. Ва чашми Пӯлодро барои хуб шинохтани ӯ мекушояд... кӯшиш мекунад албатта. Бод аз холигин ҷӯй хуввазаҷон барфу майда-регро бо ҳам омехта тоб медоду ба роҳи дуре, ки ҷониби шаҳр мебурд, мебаровард. — Наҳод ки рафта бошанд?..
Қори ӯ омад кард. Интизории танаффуси дуввум дер накашид. Аз синфхонаҳо бачаҳо бо чеҳраҳои хунук-хӯрда мебаромаданду гурӯҳ-гурӯҳ бо ҳам бармехӯрданд, ки гарм шаванд. Охир бухориҳои мактабро хуб гарм намекарданд. Аз пушти шогирдон муаллиман ба Норточ ношинос берун шуд. Ва ба саволи худ, ки «чаро Пӯлод Язлиев наменамояд?», Норточ ҷавоберо гирифт, ки бо ғазаби ҷонаш интизор буд: — Пӯлод Язлиев ҳамроҳи роҳбари синфаш бо фармони мудири мактаб аз сахар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё