Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Нурмуҳаммад Сироҷӣ,
н.и.ф., узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,
Саидали Фазл,
сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон»

УСТОДИ СОҲИБМАКТАБ

Инсон ҳамеша тавассути омӯзишу ҷустуҷӯ ва мушоҳидаву диди тоза тафаккури хешро фарох, ақлро сайқал ва донишу маҳораташро ғанӣ мегардонад. Борикбинию нигоҳи ҷадид ва бозёфту навгониҳо роҳи дониши касро пуранвор ва баракати заҳмати ҳалолро афзунтар месозад. Агар шахс тавъам бо маҳорати хоссаву худодод дар хислати худ ҷавҳари хоксорию инсондӯстӣ ва заҳматталабиву мушкилнописандиро гунҷонда бошад, дар ҷомеа дар мақоми волои обрӯмандиву соҳибэҳтиромӣ маъво мегирад.

Доктори илмҳои филология, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Аламхон Кӯчарзода аз зумраи чунин ашхоси баландманзалату соҳибэътибор, устоди забардасту муаллими ғамхор, олими пуркору пухтакор ва шинохтае ҳастанд, ки бо дили бузургу хислатҳои ҳамида, дониши баланду маҳорати фавқулодда ва истеъдоди начиби омӯзгориашон дар қалбҳои ҳазорон устодону шогирдон ҷой гирифтаанд.

Устод Аламхон Кӯчарзода 4-уми феврали соли 1946 дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод дар оилаи муаллим ба дунё омадааст. Падараш – Кӯчари Додар солҳои 1938-1945 дар деҳоти Саричашма ва атрофи он муаллимӣ карда, дар охирҳои соли 1945 аз олам чашм мепӯшад. Аламхони хурдсол дар тарбияи модараш – зани оқилаву порсо ва китобхон Суратмоҳи Наим ва хешовандони модариаш ба воя мерасад ва соли 1952 ба мактаб меравад. Вақте ки соли 1959 дар деҳаи Саричашма мактаб-интернат кушода мешавад, ӯро модараш барои идомаи таҳсилоти миёна ба он ҷо месупорад. Аламхон синфҳои 7-11-ро дар ин ҷо хонда, чун раиси

пешина
аз 226
навбатӣ