Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Кумитаи талабагӣ дар ҳаёти иҷтимоии мактаб-интернат фаъолона ширкат меварзад. Бояд таъкид сохт, ки дар он солҳо усули таълиму тарбияи ин маърифатгоҳ басо пешрав буда, он дар сатҳи ҷумҳурӣ нуфузи баланд дошт. Таълиму тарбияи Фаттоев Самад (директори парваришгоҳ), Муродов Барот (мудири қисми илмӣ), Каримов Қосим (сармураббӣ) ва дигар муаллимони масъулиятшинос дар камолоти маънавии ин ҷавони доништалабу хушзеҳн таъсири пурфайз расонида буданд. Махсусан, маҳфили адабии мактаб, ки бо роҳбарии устоди зиндаёд Барот Муродов давом мекард, таваҷҷуҳи ӯро ба адабиёти тоҷик ва нозукиҳои фанни забони модарӣ батамом ҷалб намуда буд.
А. Кӯчарзода мактаб-интернатро бо баҳои аъло хатм намуда, соли 1964 ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (алҳол Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил мешавад ва дар солҳои донишҷӯӣ низ худро ҳамчун ҷавони қобилиятноку соҳибистеъдод нишон медиҳад. Баъди хатми бомуваффақияти донишгоҳ (соли 1969) ба Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб роҳхат мегирад ва дар кафедраи адабиёти тоҷик ба фаъолияти меҳнатӣ мепардозад. Ӯ дар кафедраи мазкур дар вазифаҳои муаллим (1969-1972), муаллими калон (1972-1981) кор кардааст. Солҳои 1972-1976 чун аспиранти ғоибхони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳти роҳбарии узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Ш. Табаров дар мавзӯи «Масъалаҳои матншиносии повести «Одина»-и С. Айнӣ» тадқиқот ба анҷом расонида, соли 1978 ба дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ ва соли 1982 ба гирифтани унвони дотсентӣ сазовор мегардад.
А. Кӯчарзода солҳои 1980-1988 роҳбарии маҳфили адабии «Адибони ҷавон»-и факултети филологияи тоҷики Институти давлатии омӯзгории ба номи Рӯдакии шаҳри Кӯлобро ба уҳда дошт ва як силсила адибони номвари имрӯза аз қабили Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё