Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Салими Хатлонӣ, Маҷид Салим, Ғаффоралӣ Сафар, С. Аюбзодаи Маҳзун, Г. Муҳаммадиева, Сайид Ғоиб, Мираҳмади Амиршоҳ ва чанде дигарон дастпарварони ҳамин маҳфили эҷодӣ мебошанд. Солҳои 1994-1996 муҳаррири рӯзномаи умумидонишгоҳии «Анвори дониш» буд. Ӯ ҳамчунин яке аз фаъолони ҷамъияти «Дониш»-и ҷумҳурӣ маҳсуб гардида, пайваста дар миёни меҳнаткашон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад менамуд.
Устод солҳои 1989-1991 ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон буд. 19-уми июли соли 1997 ӯ дар Шӯрои диссертатсионии Пажӯҳишгоҳи мазкур дар мавзӯи «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри С. Айнӣ» (мушовир академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шукуров) рисолаи докторӣ дифоъ намуд ва моҳи сентябри ҳамон сол ба кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз тариқи интиқол ба кор омад. Солҳои 2002-2010 дар кафедраи мазкур вазифаи мудириро ба зимма дошта, дар тарбияи олимону мутахассисони ҷавони донишгоҳ ва муҳокимаи рисолаҳои номзадию доктории муҳаққиқони соҳаи адабиёти тоҷик саҳми босазо гузоштааст. А. Кӯчарзода алҳол ҳамчун профессори кафедраи назария ва адабиёти форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва профессори кафедраи адабиёти тоҷики ДДК ба номи Рӯдакӣ фаъолият дорад. Доктори илмҳои филологӣ, профессор А. Кӯчарзода дар ҳаёти илмию фарҳангии мамлакатамон ширкати фаъолона дошта, солҳои 1997, 2003, 2009, 2015 ва 2020 вакили анҷуманҳои XI-XV Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Аз соли 2003 як муддат узви бахши нақди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Солҳои 2007-2009 узви Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2007 як муддат узви комиссияи Ҷоизаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё