Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Устод фидоии роҳи илму таҳқиқ буда, пайваста дар ҷустуҷӯ ва пажӯҳиш қарор доранд. Эшон аз ҷараёни адабӣ ва бурду бохти адабиёти муосир комилан огоҳ буда, мунтазам тақризу мақолаҳояш оид ба эҷодиёти шоирону нависандагони ҳамаср дар матбуоти даврӣ ва китобҳои алоҳида ба табъ мерасанд. Мақолаву тақризҳои ӯ ба нақди осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддини Шоҳин, Нақибхон Туғрал, С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Муъмин Қаноат, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Соҳиб Табаров, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Саттор Турсун, Абдулҳамиди Самад, Ҷонибеки Акобир, Алимуҳаммад Муродӣ, Ширин Бунёд, Салими Хатлонӣ, Сомеъ Одиназодаи Хатлонӣ, Муҳаммад Ғоиб ва дигарон дар рушди адабиётшиносии муосир саҳми бевоситаи муаллифи онҳо мебошад.

Устод Аламхон Кӯчарзодаро аз зумраи олимони пуркору заҳматкаши ҷумҳурӣ меҳисобанд, ки дар баробари эҷоди осори гаронбаҳои илмӣ дар тарбияи аспирантону унвонҷӯён низ заҳмати зиёд кашида, то имрӯз 12 нафар унвонҷӯ аз Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон зери роҳбарии ӯ ба гирифтани унвони номзади илмҳои филологӣ мушарраф гардидаанд. Алҳол якчанд нафар шогирдони устод ба навиштани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ машғул мебошанд.

Фаъолияти серсоҳаи устод Кӯчарзода дар се самт: фаъолияти матншиносӣ, мунаққидӣ ва таълимӣ басо пурбаракат ҷараён гирифта, ӯ ҳамчун яке аз асосгузорони илми матншиносӣ дар адабиётшиносии тоҷик маҳсуб меёбад. Мақолаҳои илмӣ ва дастуру рисолаҳои ӯ, аз қабили «Чанд таҳрири як достон» (дар бораи таҳрироти гуногуни «Ҳасани аробакаш»), «Порчаҳои шеърии қиссаи «Одина» ва истифодаи онҳо дар нашрҳои минбаъда», «Аҳамияти муқоиса дар таълими достони «Кремл»-и Абулқосим Лоҳутӣ» (оид ба муқоисаи «Кремл» ва «Харобаҳои Мадоин»-и Хоқонӣ),

пешина
аз 226
навбатӣ