Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Таҳрироти композитсионӣ дар қиссаи «Одина», «Одина» ва масъалаи нашри интиқодии он», «Аз таърихи эҷоди «Сурӯши Сталинград», «Ду таҳрири «Камони Рустам», «Сарчашмаи муътамад» (оид ба дастхати «Одина»), «Матншиносӣ — соҳаи муҳими адабиётшиносии тоҷик», «Дар коргоҳи эҷодии устод Айнӣ» (назаре ба таърихи эҷоди «Марги судхӯр»), «Принсипҳои ба чопи илмӣ тайёр кардани повести «Одина», «Мусаввада — маъхази муҳим», «Се таҳрири достони «Парии бахт», «Ду таҳрири як образ», «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» ба ин шоҳаи илми адабиётшиносӣ ғановати тоза бахшидаанд. Бори нахуст дар адабиёти даврони нав чопи илмию интиқодии қиссаҳои «Одина» ва «Марги судхӯр»-и устод Айнӣ аз ҷониби Аламхон Кӯчарзода бо риояи кулли тақозоҳои илми матншиносӣ амалӣ гардонида шуд.

Як силсила мақолаҳои дигари устод, аз қабили «Айнӣшиносӣ ва нашри Куллиёт», «Назаре ба манбаъҳои матншиносии тоҷик», «Матншиносӣ ва такмили ҷараёни таълим», «Санагузорӣ ва дараҷаи эътибори матн», «Чопи куллиёт ва таҳаввулоти куллӣ», «Муаммои нақди матни рубоиёти Хайём», «Нигоҳе ба таърихи нақди матн», «Чанд мулоҳиза аз фаъолияти муҳарририни С. Айнӣ», «Устод Айнӣ — муҳаррири осори Ҷалол Икромӣ», «Деҳотӣ — муҳаррири осори устод Айнӣ», «Табаров ва масъалаҳои матншиносӣ» ва чанде дигар паҳлуҳои нави то ҳол омӯхта нашудаи илми матншиносиро равшан мекунад.

А. Кӯчарзода муаллифи рисолаҳои «Тадқиқи текстологии «Одина»-и С. Айнӣ» (1982), «Хусусиятҳои миллӣ ва интернатсионалии назми М. Турсунзода» (1988), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (1994), «Нақди матни осори С. Айнӣ» (2000), «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри С. Айнӣ» (2002), Адабиёти тоҷик барои синфи 11-и мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ (бо ҳаммуаллифӣ — 2007, 2011, 2014, 2018). «Турсунзода: маҳорат ва садоқат» (2011), «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи С. Айнӣ» (2013).

пешина
аз 226
навбатӣ