Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
«Муҳаққиқи соҳибмактаб» (2014) ва зиёда аз 470 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Ӯ матни саҳеҳи рисолаҳои «Қуддусия» (1993), «Маърифати нафс» (1994), «Дарвешия» (2014)-и Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба табъ расонидааст. Ба муносибати 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ЮНЕСКО соли 2015 дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардид, се рисолаи ин мутафаккирро бо номи «Се рисола» ҳам бо ҳуруфи кириллӣ ва ҳам бо алифбои ниёгон ба чоп расонид.
Дар баробари фаъолияти илмию омӯзгорӣ Аламхон Кӯчарзода ба эҷоди шеър низ шуғл варзида, муаллифи маҷмӯаҳои «Сад рубоӣ» (2012) ва «Бобо ва набераҳо» (2013) мебошанд, ки онҳо аз истеъдоди дигари худододии устод гувоҳӣ медиҳанд. Маҷмӯаи аввал сад рубоии адибро дар бар мегирад, ки ба масъалаҳои гуногуни зиндагии пурталотуми инсонӣ бахшида шудаанд, аммо дар миёни онҳо мавзӯи Ватан ва ватанпарастӣ мақоми алоҳидаро ишғол мекунад:
Атри сари зулфи ёр бӯи Ватан аст,
Сеҳри нафаси баҳор бӯи Ватан аст.
Эй дӯст, зи баҳри мушк сарсон нашавӣ,
Мушки Ҳутани диёр бӯи Ватан аст.
Маҷмӯаи «Бобо ва набераҳо» аз шеърҳои бачагона иборат буда, ин ашъор самимияти баланди муаллифро нисбат ба насли наврас ифодагар мебошанд. Аксари шеърҳои ин маҷмӯа ба «Тазкираи адабиёти бачагонаи тоҷик» ворид гардидаанд.
Доктори илмҳои филология, профессор Аламхон Кӯчарзода Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995) ва Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008) буда, бо ордени «Дӯстии халқҳо» (2001) ва Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2003) сазовор гаштааст. Ӯ аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё