Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дар ҳақиқат меҳмондӯсту меҳмоннавозанд. Чунин хислатҳои ҳамидаашон устодро дидадаро гардонидааст ва зикри рубоиеро дар ин фурсат аз эҷодиёти худи эшон муносиб медонем:

Эй дӯст, ба қалби меҳруборат ҷонам,
Аз сидқ биё, бишав даме меҳмонам.
Дар кулбаи танги ман гар озурда шавӣ,
Ҷоят бидиҳам ба хонаи чашмонам.

Имрӯз, ки устоди азизи мо ҷашн доранд, эшонро ба ин санаи муборак табрику таҳният гуфта, барои устод тани сиҳату хотири ҷамъ, хушбахтиву сарбаландӣ, рӯзгори обод ва комёбиҳои нави илмиро таманно дорем ва аз забони шоир гуфтанием:

Танат ба нози табибон ниёзманд мабод,
Вуҷуди нозукат озурдаи газанд мабод!
Саломатии ҳама офоқ дар саломати туст,
Ба ҳеҷ ориза шахси ту дардманд мабод!

пешина
аз 226
навбатӣ