Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Ба ҷумлаи чунин асару рисолаҳои таълифнамудаи устод китоби тозаэҷодашон «Адабиёти тоҷик дар замони истиқлолият» (2020) (бо ҳаммуаллифӣ) мебошад, ки бо суханони тоза зевар барбастааст. Устод Аламхон Кӯҷарзода дар саросари Тоҷикистони азиз ва берун аз он шогирдони зиёде доранд, ки дар роҳи хизмат ба маорифу фарҳанг камар бастаанд ва дар муваффақияти кору рӯзгори худ устодро роҳнамо медонанд. Аслан хислати устод дар он аст, ки бо садоқат дар иҷрои масъулият ва меҳру муҳаббати бепоёне, ки ба ҳамкорону шогирдон доранд, тавонистаанд, симои равшанфикри воқеии миллиро биофаранд. ...
Ба наздикӣ садои занги телефон баланд шуд. Ало, Назрулло салом, — гуфтани профессор Кӯҷарзода Аламхон диққатамро ба худ ҷалб кард, — ҷилди дуюми Лоҳутӣ дар дасти ту нест? Гуфтам, не устод. Майлаш, хайр гуфта, телефонро хомӯш кард. Ин суҳбат чанд рӯзе пештар иттифоқ афтода буд ва то иншои ин сатрҳо бо устод телефонӣ суҳбат накарда будем.
Зикри ин матлаб ба он хотир аст, ки устоди азиз, профессор Аламхон Кӯҷарзода бо он китобхонае, ки обод кардаву дар хизмати на фақат устодони равияи филологӣ, балки тамоми устодону кормандон (ва фарзандони онҳо)-и донишгоҳ қарор додааст, аз фазилату хиради азалии эшон дарак медиҳад ва на ҳар кас ба мисли устод метавонад, китобхонаи худро дар хизмати мардум қарор диҳад. Биное, ки устодони донишгоҳ дар он иқомат доранд, бо китобхонаи устод шукӯҳу зеби дигарро касб намудааст...
Сониян, агар сухан дар хусуси ҳамсояву ҳамсоядорӣ равад, месазад гӯям, ки устод ва хонадони муҳтарамашон беҳтарин ҳамсоя дар рӯзгордорианд. Беш аз даҳ сол аст, ки бо устод дар як бино, дар як ошёна умр ба сар мебарем. Зиндагӣ бо ҳамсояи муносибу зиндадил хеле гуворову ширин будааст. Устод ҳамвора ширинсухану кушодачеҳраанд ва бо суханони пурмеҳрашон маҳфилороянд ва зеби маъракаҳоянд. Устод

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё