Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Назрулло Каримов,
устоди ДМТ

СИТОИШ ЧУНИН МАРДИ КОРРО!

Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,
Аз ҳиммати баланд ба ҷойе расидаанд.

Барои мақбули мардум гардидан инсон талош мекунад, то роҳи росту дурустро пайдо ва дар ин ҷода то лаҳзаҳои охир содиқ монад. Чунин шахсони хирадпеша ҷомеаро бо илму хиради худододи худ бобаракат мегардонанд. Ҳамчунин, рисолати инсони боҳирад дар зиндагӣ накӯкориву некномист. Шахсони хирадманду накӯкор ҳамдами дилҳо буда, наздикону дӯстонро раҳнамоянд.

Дар ҷодаи пурпечутоби зиндагӣ ҳастанд нафароне, ки тамоми умри азизи хешро ба таҳқиқу баррасии мушкилоти илм мебахшанд. Натиҷаи ҷустуҷӯҳои худро дар таҷрибаи ҳаёт пайваста санҷида, самараҳои меҳнати худро манзури аҳли илм менамоянд ва корҳои илмиашон ба комёбиҳои назаррас соҳиб гашта, мактаби хоссаи эҷодии худро бунёд менамоянд.

Устод Аламхон Кӯҷарзода аз ҷумлаи ҳамин гуна мардони зиндадилу накӯкоранд, ки бо меҳнату заҳмати зиёди бедареғ умри азизи хешро сарфи илму таълим ва тарбия кардаанд.

Профессор Аламхон Кӯҷарзода пайваста мекушад, бо суханони наву тоза асару мақолаҳои худро пешкаши мардум гардонад. Дар ҳақиқат барои гуфтани сухани нав солҳо лозим меояд, ки муҳаққиқ кор кунад, ҷустуҷӯ намояд ва сарчашмаҳоро қиёс намояд. Аз ин рӯ, иброз кардани нуктаи нав дар илм кори саҳл нест. Дар ин замина Низомии Ганҷавӣ бамаврид гуфтааст:

Сухан гуфтан осон бар он кас бувад,
Ки назме тиҳиш аз сухан бас бувад.
Касе, к-ӯ ҷавоҳир барорад ба санг,
Ба душворӣ орад суханро ба чанг.

пешина
аз 226
навбатӣ