Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Масъалаи дигари мавриди баҳс дар илми матншиносӣ – аввал чоп кардан ва баъд омӯхтани матн ва ё аввал омӯхтани матн ва баъд чоп кардани он будааст, ки бино ба андешаи А. Кӯчарзода «вақте ки омӯхтани таърихи матн ба дараҷаи соҳаи мустақими илм расид ва тамоми раванди эҷодии нависандаро аз аввалин қайдҳои ҷузъӣ то охирин нашри асар дар бар гирифт, қоидаи матншиносӣ, аввал омӯхтани матн ва баъд чоп кардани он қарор ёфт. Ҳоло ба чоп тайёр кардани матни ҳақиқии асари бадеӣ чун вазифаи амалии матншиносӣ дар асоси омӯзиши ҷиддии таърихи матни асари бадеӣ ба амал бароварда мешавад».
Муҳаққиқи рус С.А. Рейсер низ ҷонибдори ҳамин андеша аст, ки: «Бе мавҷудияти матни саҳеҳ таҳқиқи таърихи адабиёт ва назарияи он имконнопазир аст» (С.А.Рейсер. Основы текстологии. – Москва, 1981. – С. 12).
Муҳаққиқон матншиносиро аз рӯи маводи таҳқиқот шартан ба қисматҳои матншиносии адабиёти қадим, ки бино ба андешаи А. Афсаҳзод таърихи сеҳазорсола дорад, матншиносии адабиёти асримиёнагӣ, матншиносии адабиёти муосир ва матншиносии фолклор ҷудо кардаанд. А. Кӯчарзода оид ба ҳар кадоме аз ин қисматҳо андеша баён намуда, аз амалҳои то ин замон анҷом пазируфта сухан мегӯяд ва дурнамои ҳар кадоме аз қисматҳои матншиносиро бозгӯ менамояд. Маҳсули илмии чашмрас аз ҷониби А. Кӯчарзода оид ба матншиносии адабиёти муосир бештар оид ба матни осори С. Айнӣ суръат гирифтааст.
Дар саргаҳи масъалаҳои матншиносии садаи ХХ амалҳои ба сомон расонидаи устод Айнӣ қарор дорад ва намунааш тадвин ва мураттабсозии «Намунаи адабиёти тоҷик» (Москва, 1926) аст, ки «аз оғози марҳилаи ҷадиде дар шинохти мутуни адабӣ ва таҳияву нашри онҳо дарак дод». Зуҳури дастаи донишмандоне, ки ба масъалаи таҳқиқу нақди осори классикиву адабиёти даврони нав иштиёқ намуданд, ба марҳалаи оғозини шоҳаи арзишманди адабиётшиносӣ – шинохти матн

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё