Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

адабиёти муосири тоҷик низ салоҳ медонад. Ба андешаи ӯ: «Матншиносӣ таърихи бою рангине дорад ва ҳатто ҳамин далел, ки матншиносии хоси китобхонаи Бойсанқур аст, ташреҳ мехоҳад, зеро бо ташаккул ёфтани пажӯҳиши ин соҳа далелҳое аз худ дарак медиҳанд, ки баробари арзи ҳастӣ намудани адабиёти хаттӣ, балки адабиёти гуфторӣ низ, қиёсу муқобалаи мутун рӯйи кор омадааст. Адабиётшинос ва матншиноси тоҷик Аълохон Афсаҳзод навиштааст, ки «Суннати матншиносӣ фақат хоси китобхонаи Бойсанқур набуд...» (Аълохон Афсаҳзод. Пайванди қарнҳо. – Душанбе: Адиб, 1989. – С. 6.) Вале, иддае аз муҳаққиқон, ҳатто академик А. А. Шахматов (1864–1920) бо вуҷуди дастовардҳои аълояш дар ин соҳа, матншиносӣ ва танқиди матн барин истилоҳоти марказии ин илмро дар тадқиқоти худ истифода накардааст. Замони чун истилоҳ истифода гардидани матншиносӣ масъалаи дигари баҳси ин соҳа мебошад. Ба эътирофи аксари матншиносон истилоҳи матншиносӣ бори аввал соли 1922 дар «Сухани нав оид ба Пушкин» ном мақолаи Б.В. Томашевский истифода шудааст. Фаҳмиши Б. В. Томашевский оид ба ин илм маҳдудияте дошт. Номбурда дар тамоми фаъолияти минбаъдаи илмиаш, аз ҷумла, дар машварати умумиҷаҳонии матншиносон (Москва, 1954) чунин фикреро талқин мекард, ки вазифаи матншиносӣ чун қисми ёридиҳандаи соҳаи филология танҳо ба чоп ҳозир кардани матни саҳеҳи асар мебошад».

А. Кӯҷарзода бо ёдоварию аз давраи нави таҳқиқи матншиносӣ ва нашри асари «Матншиносӣ»-и Д. С. Лихачёв ва «Асосҳои матншиносӣ»-и гурӯҳи матншиносони Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи М. Горкий ба истиқболи андешаи Д. С. Лихачёв мебарояд, ки бори аввал матншиносиро чун илми мустақил шарҳ додааст: «Матншиносӣ соҳаи ёрирасони вазифааш аз чопи дурусти матн иборатбуда нест, балки илми мустақилест, ки таърихи матни асарро меомӯзад» (Лихачёв, Д.С. Текстология. – М. – Л., 1964. – С. 26).

пешина
аз 226
навбатӣ