Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Афсахзод гардида, аз ҷониби олимони ҳавзаҳои илмии Маскаву Санкт-Петербурггу Тошканд, ба вижа донишмандоне, ки ба пажӯҳиши масъалаи матншиносӣ ва матни осори С. Айнӣ алоқа доранд, боиси истиқболи гарм гардид.

Дар суҳбатҳои вижа вақте сухан оид ба таълифи рисолаи докторӣ меравад, устод А. Кӯчарзода ёдовар мешаванд, ки баъди заҳмати тадриҷӣ соли 1997 таълифи рисола ба чопи тозаи мошиннависи он ба анҷом расид. Пешниҳод чунин шуд, ки онро бояд донишманди номдор Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ аз назар гузаронанд. “Рисоларо ба манзили зисташон бурдам, устод хуш истиқбол карданду барои хондани рисола ризоият доданд. Се моҳ андеша мекардам, ки назари ин пажӯҳишгари маъруф оид ба таълифоти ман чӣ гуна бошад”. Баъди се моҳ ҳамроҳи шиносам А. Маҳмадаминов дигарбора роҳ сӯйи манзили устод гирифтем. Баъди пазироии гарм гуфтанд, ки 6 саҳифаи дигар нохондааст, пагоҳ ба ҷойи кор (Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ) омада рисоларо гиред. Субҳи дигар бо беқарорӣ ба коргоҳи устод расидам, рисола ва ҳамзамон такризи муфассалро ба ман манзур намуда гуфтанд: «Коратон хуб аст, ман қаноатманд шудам, ба дифоъ пешниҳод кунед, ба Шумо муваффақият мехоҳам». Дар зиндагии ман ин рӯзи фаромӯшнашуданӣ аст ва то ҳол суханҳои пурмеҳри устоди равоншод дар гӯшам садо медиҳад.

Дар мақолаи ба тозагӣ нашрнамудаи устод А. Кӯчарзода «Сӯзу сози машъали тобони маърифат» (АС. №45 (2068), аз 5.11.2020) меҳру ихлоси самимиро ба шахсият ва фаъолияти густардаи пажӯҳишгарии абармарди илми адабиётшиносӣ - Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ба хубӣ эҳсос кардан мумкин аст.

А. Кӯчарзода чун пажӯҳишгари жарфнигар оид ба масъалаҳои мухталифи матншиносӣ ба донишмандони соҳа сари баҳс нишаста, бо пайгирӣ аз андешаҳои дурусти эшон татбиқи қонуниятмандиҳои саҳеҳи онро дар матншиносии

пешина
аз 226
навбатӣ