Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ва унсурҳои зарурии он тавонмандӣ бахшиданд. Профессор А. Кӯчарзода дар шумули насли таҷрибадоштаву эътирофгардидаи ин соҳа ба матншиносии адабиёти муосири тоҷик дар мисоли осори С. Айнӣ машғул шуд ва ҷиҳати тавонмандии сатҳу сифати шинохти матн саҳми бориз гузошт. А. Насриддинов, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он як тан аз матншиносони муваффақ ба шумор меояд, зимни бозгӯи «таърихи матншиносӣ дар Тоҷикистон» дар радифи асарҳои дигар аз ду асари А. Кӯчарзода — «Тадқиқи текстологии «Одина»-и С. Айнӣ (Душанбе, 1982) ва «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (Душанбе, 1994) ёдовар мешавад ва натиҷагирӣ менамояд, ки ин асарҳо «аз ташаккули шеваҳои равишманди илмӣ дар омӯзиши бойгонии суханварон, таҳрирҳои муаллифӣ ва таърихи такомули матн дар матншиносии адабиёти муосир шаҳодат медиҳад».

Вижагии фаъолияти матншиносии А. Кӯчарзода дар он низ зоҳир мешавад, ки амали анҷом додаву дар қолаби мақолаву китоб нашр гардидаро кори комилан анҷомёфта намеҳисобад, балки ҷустуҷӯ пайваста идома меёбад ва бо дастрасӣ ба далели тоза, мактуб ва ё нусхаи қаламӣ ба такмили навбатӣ мепардозад. Одате роиҷ шуда, ки аксаре аз муҳаққиқон дар дохили як мақола ё китобашон дар замони дигар баргаштан ба ин ё он масъалаи илмиро зикр менамоянд, вале ба нудрат мушоҳида мешавад, ки дигар ваъдаи додаашон ба ёдашон расад. Дар фаъолияти пажӯҳишгарии А. Кӯчарзода ба мушоҳида мерасад, ки ба масъалаҳои зарурии илмӣ такроран таваҷҷуҳ карда, аз бозёфт ва ё дастрасӣ ба маводи тоза хонандаро огоҳ месозад. Аз ҷумла, дар маҷмӯаи «Нақди матни осори С. Айнӣ» (дарси махсус барои факултаҳои филологияи мактабҳои олӣ) (Душанбе, 2000) чашм ба ин сатрҳо мерасад: «Донишҷӯёни муҳтарам бояд дар хотир дошта бошанд, ки китоби «Тадқиқи текстологии «Одина»-и С. Айнӣ» бо чунин фикр анҷом пазируфта буд. «Ба сабаби то ҳол дастрас набудани дастхатҳои «Одина» тадқиқи

пешина
аз 226
навбатӣ