Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Хушбахтии насли имрӯза дар он аст, ки онҳо ба ҳама технологияи пешрафтаи ҷаҳон мусаллаҳанд, — мегӯяд, профессор Аламхон Кӯҷарзода. Онҳо бояд чун Пешвои миллати хеш барои ободии кишвар, сарсабзии бардавоми миллат, эҳёи илми ниёгон бо усулҳои гуногун талош бикунанд ва кӯшиш намоянд, ки кишвару миллати азизашонро дар ҳолате бинанд, ки вай дар сафи пеши олами маърифат истода бо пешниҳоду дархостҳои инсонпарваронаашон дар байни тамоми инсонияти бомаърифат сазовори иззату икром бошанд.
Таҳсил дар ҳавзаи илмию адабии факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) назару андешаи пӯяи устод Аламхон Кӯҷарзода ба шинохту фарогирии масъалаҳои гуногуни илмҳои адабиётшиносӣ қувват бахшид. Таҳсил дар ҳалқаи дарсии устодони шинохта чун Соҳиб Табаров, Додоҷон Тоҷиев, Воҳид Асрорӣ, Расул Ҳодизода, Раҳим Мусулмонқулов, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Худой Шарифзода ва дигарон чашми ӯро ба ҷаҳони пургановати илму адаб ва шеъри форсии тоҷикӣ кушод ва роҳи минбаъдаи фаъолияти ӯро муайян намуд.
Аламхон Кӯҷарзода ҳанӯз солҳои 60-уми асри XX ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳ бо олимони варзидаи илми адабиётшиносии тоҷик – Абдулғани Мирзоев, Соҳиб Табаров, Холиқ Мирзозода, Носирҷон Маъсумӣ, И.С. Брагинский, Раҷаб Амонов, Воҳид Асрорӣ, Раҳим Мусулмонқулов ва амсоли онҳо аз наздик шинос шуда, бо асарҳои адибони замон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат ва дигарон ошноӣ пайдо карда буд, ки ин ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва адабиётшиносии ӯ таъсири мусбат бахшид.
Муносибати нек ва дониши хуби устод ӯро дар миёни ёру дӯстон, ҳамкорон ва шогирдон соҳибэҳтиром гардонидааст. Тавассути кордонию раҳнамоӣ ва роҳбарии устоди бофазлу дониш даҳҳо нафар донишҷӯён дар навиштани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё