Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Қурбонов Маҷид,
устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
ФАРЗАНДИ МИЛЛАТИ ХЕШ
Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест, Зинда он номест, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.
Сарчашмаҳои таърихӣ худ гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон аз азал ба сухан ва қалам эътимоду эҳтиром доштанд. Аз ин хотир, муҳаббат ба сухану суханварӣ, қаламу қаламкашӣ барои ҳар як фарди соҳибзавки тоҷик азалист.
Меҳру муҳаббат, обрӯ ва эҳтирому садоқатро дар олам ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ кас ба зару зевару мансаб харида наметавонад. Танҳо саъю талошҳо, покии дасту дилҳо метавонад ба ҳар кас меҳру муҳаббат ва садоқат бахшад ва баъди гузашти солҳо ӯро бо як меҳр ва муҳаббат ёд кунанд.
Ҳаёти инсонӣ ба мисоли осмонест, ки бо ситораҳои пурҷилои худ роҳу маконро равшанӣ мебахшад. Ва ин ситорагон донишмандон ва хирадмандоне мебошанд, ки чун гавҳари беназиру тобон дар байни мардум арзи ҳастӣ намуда, бо илму заковат ва ҳунару пешаи худ тирагиҳои ҳаётро равшан мекунанд.
Аламхон Кӯҷарзода аз зумраи он хирадмандонест, ки устоди кори худ мебошад. Ӯ чун донишманд ва омӯзгори асил бо донишу таҷрибаи илмӣ-омӯзгорӣ ва ҳаётиаш маҳдуд нагашта, барои баланд бардоштани дониши назариявию сиёсии худ ва шогирдонаш мекушад, то ин ки ба воситаи илму маърифат роҳи миллату кишварашро равшан намояд.
Ба андешаи Аламхон Кӯҷарзода имрӯз ҷамъияти демократӣ, дунявӣ ва соҳибистиқлоли тоҷикон, барои ба камол расидани ҳаматарафаи инсон ва дуруст тарбия ёфтани он ҳама имконияту шароитро фароҳам овардааст, то ин ки онҳо хонанд ва соҳибэҳтиром гарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё