Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Фаъолияти ноқидии устод Кӯчарзода бо фаъолияти матншиносиашон дар гармонияи устувор қарор гирифтааст. Мавсуф ба як силсила маҷмӯаҳои ашъори шоирони муосир такризу мақолаҳо навиштаанд, ки аз назари моҳиятбин ва ҳам тафаккури бадеии рушддидаи ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Навиштаҳои «Давоми нек роҳатро» (тақриз ба ашъори Ашӯр Сафар), «Номаи меҳри шоир» (нақди шеъри Неъматӣ), «Ман шеъри шоирам» (тақриз ба маҷмӯаи шеърҳои Қутбӣ Киром «Субҳи содиқ»), «Варақи меҳр» (сарсухани муфассал ба китоби Маҷид Салим ва Насим Муқим «Гули армон»), «Сӯзу сози қалби дардошно» (ба муносибати 60-солагии Алимуҳаммад Муродӣ), «Лолаи чашм» амиқ менигарад» (тақриз ба маҷмӯаи шеърҳои Муҳаммад Ғоиб «Лолаи чашм»), «Вассофи ваҳдати тоҷикон» (дар бораи силсилаи шеърҳои Ширин Бунёд), «Барки тозаи баҳори ишқ» (дар бораи маҷмӯаи шеърҳои «Хокистари ҳубоб»-и Салими Хатлонӣ), «Сеҳри сухани табиб» (доир ба ашъори табиб Бобоназар Шамсиддинзода), «Заминаҳои боэътимоди тасвир» (тақриз ба «Мурғи даштӣ» ном китоби Маҷид Салим), «Таронаи баҳор» (тақриз ба маҷмӯаи «Турнаҳо»-и Муҳаммад Ғоиб), «То мард ба ранги лаъл дилхун нашавад» (хулосаи шеърҳои навқаламон) аз ҳамин қабиланд.

Устод Кӯчарзода беш аз даҳ мақола доранд, ки бевосита ба устодашон – Соҳиб Табаров дар робита ба 50, 60, 70, 75, 80, 85 ва 90-солагии мавлудашон бахшида шудаанд. Навиштаҳои мазкур аз меҳрномаҳои муқаррарӣ бо масъалагузориҳо ва кӯшиши ҳалли онҳо, таҳлилҳои амиқ ва пешниҳоди идеяҳои нав, меҳру самимият комилан фарқ мекунанд. Меҳри устод Кӯчарзода нисбат ба устодашон хеле самимист, аз он далел, ки мудом аз аҳвол ва мушкилоти он кас огоҳӣ доштанд. Ин далел далели кам нест ва аз инсони комил будани ӯ ба хубӣ гувоҳӣ дода метавонад...

пешина
аз 226
навбатӣ